logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар вилояти Суғд ва Айналишо Айналишоев, муовини сардори Раёсати адлияи ВМКБ ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.
 
- Соли 2014 нисбат ба ман бо моддаи 133 қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бинобар дар Федератсияи Русия қарор доштанам, кофтуков эълон шудааст. Ба гуфтаи баъзеҳо, ҷинояте, ки дар содир кардани он гумонбар дониста мешавам, ба категорияи ҷиноятҳои вазнин дохил шуда,  қонуни авф нисбатам татбиқ намегаштааст. Вале синни ман то қабул шудани қонун аз 55 гузашта буд. Оё Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»  нисбат ба ман татбиқ мегардад?
У. К. Ширазов,
шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Федератсияи Русия
 
- Агар то рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки 24 августи соли равон ба тасвиб расидааст, синни шумо ба 55 расида бошад,  пас амали ин қонун нисбататон татбиқ гардида, парвандаи ҷиноятӣ қатъ хоҳад шуд. Зеро сархати якуми моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пешбинӣ намудааст, ки пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 1 ҳамин қонун пешбинишуда содир гардида, таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда мешавад. Ҳамзамон, қисми дуюми моддаи 12 - и қонун пешбинӣ намудааст, ки қарор дар бораи татбиқи қонуни мазкур нисбат ба шахсоне, ки дар кофтуков қарор доранд, бе даъват намудан ва бе розигии чунин шахсон  қабул карда мешавад.
 
- Барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд аз кадом сарчашмаҳо алимент пардохт карда мешавад?
Г. Иматшоев, сокини ноҳияи  Рӯшон

-Тибқи талаботи моддаи 84  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, алимент мутобиқи моддаҳои 81-83 ҳамин кодекс ситонда шуда, ба васии кӯдак пардохта мешавад. Алименте, ки аз падару модар барои кӯдакони бе парастории падару модар монда ва дар муассисаҳои дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин ин монанд қарордошта ситонда мешавад, ба ҳисобномаҳои ин муассисаҳо гузаронда шуда, дар онҳо вобаста ба ҳар кӯдак алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.
Муассисаҳои мазкур метавонанд ин маблағро ба бонкҳо ва муассиаҳои дигари кредитӣ гузаронанд. Панҷоҳ дарсади даромаде, ки аз муомилоти маблағи воридгардидаи алимент ба даст меояд, барои таъминоти кӯдакон дар ин муассисаҳо истифода мешавад. Ҳангоми муассисаи мазкурро тарк кардани кӯдак, маблағи алименти барои ӯ гирифташуда ва панҷоҳ дарсади даромад аз муомилоти он дар шуъбаи Бонки амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба суратҳисоби шахсии кӯдак гузаронда мешавад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2016    №: 219    Мутолиа карданд: 2397
27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед