logo

ҳуқуқ

"АЗ СУДИ ОЛӢ ХОҲИШ ДОРАМ..."

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати Стақурбон Қурбонов, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Умед, хонаи 348 - ро, ки зери сарлавҳаи «Аз Суди Олӣ хоҳиш дорам...» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз 27 сентябри соли 2016, таҳти № 192 (23 014) ба чоп расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
 
Муайян гардид, ки С. Қурбонов нисбат ба У. Раҳимов ва Ҳ. Б. Баротова дар бораи бартараф намудани монеагӣ ба суд аризаи даъвогӣ пешниҳод кардааст. Дар ариза омадааст, ки ҳамсояаш У. Раҳимов замини кӯчаро гирифта, барои озодона рафтуомад кардани ӯ монеа эҷод намудааст. Хоҳиш кардааст, ки монеаи эҷоднамудаи Раҳимов бо роҳи аз байн бардоштани дарвоза ва обрави девор бартараф карда шавад.
 Ёдрас мешавем, ки бо ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз 15 марти соли 2016, аризаи даъвогии С. Қурбонов дар бораи бартараф намудани монеагӣ рад карда шудаст. Омӯзиши маводҳои парвандаи граждании мазкур нишон дод, ки тибқи ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансур, аз 12 сентябри соли 1962, андозаи масоҳати қитъаи замини манзили истиқоматии Қурбонов Стақурбон ба миқдори 148, 0 м. м., бо сохтмонҳои аломати 1.1/с ва 2.1/с, масоҳати умумии зери сохтмон 74 м.м буда, 9 июли соли 2008, таҳти № 757 номбурда шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк ба ҳамин масоҳат гирифтааст. Мувофиқи қарори Комитети иҷроияи совети меҳнаткашони ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳоло Шоҳмансур), аз 08 июли соли 1974, таҳти № 239 масоҳати қитъаи замини манзили истиқоматии Раҳимов У., воқеъ дар суроғаи кӯчаи Умед, хонаи - 351 «а», андозаи 145, 0 м. м. - ро ташкил медиҳад.
 Дар асоси ҳуҷҷатҳои техникии дар бойгонӣ маҳфузбуда суд муқаррар кардааст, ки хонаҳои № 348 ва № 351 «а» аз соли 1960 дар ҳудуди як қитъаи замин бо масоҳати 1138, 0 м. м. ҷойгир буда, барои истифодаи умумӣ шиносномаи техникӣ тайёр карда шудааст.
 Суд дар марҳалаи якум маҷлиси сайёри судӣ гузаронда, муайян кардааст, ки обрави манзили истиқоматии Раҳимов У. ба тарафи манзили истиқоматии худи ӯ гардонда шуда, нисбат ба хонаи истиқоматии Қурбонов С. ҳолати садамавӣ дида намешавад, дарвозаи манзилҳои истиқоматии онҳо дар алоҳидагӣ ҷойгиранд ва барои якдигар монеагӣ ба миён наовардаанд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло ва дигар ҳолатҳои кор суди ноҳияи Шоҳмансур ҳалномаи дар боло зикргардидаро қабул намудааст, ки он бо тартиби муқарраркардаи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Қурбонов С. ба тариқи кассатсионӣ ва ё назоратӣ мавриди шикоят қарор нагирифтааст.
Бахши нашр ва маркази иттилоотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2016    №: 220    Мутолиа карданд: 2607
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед