logo

ҳуқуқ

ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛГАР ВА КАФОЛАТИ СИФАТ ҲАДАФИ МОСТ

Танзими назорати давлатии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ба салоҳияти Агентии «Тоҷикстандарт» вогузор  шудааст. Ҷӯрахон Раҳимзода, сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии агентии мазкур, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома  дар ин бора андешаҳояшро чунин баён намуд:
 
- Соҳибкории истеҳсолӣ намуди пешқадамтарин маҳсуб ёфта, дар доираи рақобат  сурат мегирад. Бар асари ин раванди тавлидоти молу маводи барои эҳтиёҷоти истеъмолкунанда зарурӣ, бо истифода аз падидаҳои навтарини илмӣ – техникӣ роҳандозӣ мегардад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар натиҷаи татбиқи нақшаву барномаҳои  Ҳукумати мамлакат ва меҳнати созандаву бунёдкоронаи мардум  афзоиши устувори нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ватанро таъмин карда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.                             
Айни ҳол номгӯйи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ рӯ ба афзоиш дорад. Аз ин лиҳоз, содироти даҳҳо номгӯйи маҳсулоти ашёи хом ба хориҷ коҳиш ёфта, дар дохили кишвар коркард ва истеҳсоли он роҳандозӣ  шудааст. Афзудани истеҳсоли молҳои дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва воридотивазкунанда бахши таркибии сиёсати давлатӣ дар самти рушди иқтисод аст. Тайи 2 -3 соли охир тавассути ба кор даромадани иқтидорҳои бузурги истеҳсолӣ воридоти семент ва масолеҳи дигари бинокорӣ батамом қатъ ва марҳилаи содироти онҳо ба кишварҳои хориҷа шурӯъ гардидааст. Бо бунёди корхонаҳои саноатӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Ёвон, Данғара фаъолият доранд, рушди босуботи иқтисодӣ таъмин гардида, иқтидори содиротии мамлакат меафзояд.
Аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» дар самти мусоидат ба рушди стандартизатсия, сертификатсия ва ташхиси техникаи муосир  корҳои муайян ба сомон расонда шуд. Аз ҷумла, ҷиҳати рушди минбаъдаи низоми миллии стандартизатсия ва сертификатсиякунонӣ, дар ин замина гузариш ба низоми танзими техникӣ, мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд. Инчунин, агентӣ ҳамчун мақомоти ваколатдор корҳои омӯзишӣ, фаҳмондадиҳӣ ва сертификатсионии системаи менеҷменти сифатро тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои ватанӣ ба роҳ мондааст. 
Имрӯз бо ҷалби технологияи муосир ва мутахассисони касбӣ дар бозори истеъмолии кишвар номгӯйи зиёди маҳсулоти ватанӣ ба муомилот бароварда  шуда истодааст, ки аз рӯйи сифат аз маҳсулоти ҳаммонанди дар хориҷ истеҳсолшаванда фарқият надошта, аз ҷиҳати экологӣ бартарият низ доранд. Масалан, маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, анвои маҳсулоти нонию қаннодӣ, масолеҳи сохтмонии гуногун, симноқилҳо, мебелҳои хушсохти замонавӣ ва садҳо номгӯйи маҳсулотро номбар кардан мумкин аст, ки метавонанд талаботи бозори дохилиро таъмин намуда, ба содирот низ пешниҳод шаванд.
Мутаассифона, бо вуҷуди тибқи талабот ба роҳ мондани фаъолияти корбарӣ, воридоти молу маҳсулоти пастсифат аз хориҷи кишвар идома дошта, дар дохил низ истеҳсоли маҳсулоти ғайристандартӣ зиёд ба назар мерасанд. Ҳамчунин, дар муомилоти бозор маҳсулоти истеҳсоли ватание  низ мавҷуданд, ки бе расмиёти сертификаткунонӣ ба истеъмолкунандагон пешниҳод мешаванд. Сабаби норасоиҳо ҳоло ҳам дар сатҳи муайян набудани маърифати ҳуқуқии соҳибкорон мебошад. 
Яке аз омилҳои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунандаи ватанӣ ин тақвият додани назорат дар бозори истеъмолӣ ва пешгирии воридоти маҳсулоти бесифат аз хориҷи кишвар аст. Танҳо  соли ҷорӣ дар натиҷаи гузарондани назорати давлатӣ дар бозору мағозаҳо ба миқдори 5499,6 тонна маҳсулоти гуногуни ғайристандартӣ, ки аксаран аз хориҷ ворид шудаанд, ба қайд гирифта шуд.  Дар ин замина, кормандони агентӣ тадбирҳои судмандро амалӣ намуда, бо истифода аз имкониятҳо ҳамкориро бо истеҳсолкунандагони ватанӣ боз ҳам тақвият медиҳанд.
Фаровонии бозори истеъмолӣ, афзудани ҳаҷми маҳсулоти воридотивазкунанда ва содироти молҳои рақобатпазир, хушсифату безарар ва  роҳандозии хизматрасонии сатҳи баланд, кафолати сифат ва бехатарии мол, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгар  ҳадафҳои асосии соҳаи стандартонианд. Зеро мутобиқати сифати мол ба стандартҳои байналмилалӣ, яъне доро будан ба сертификати стандарти байналмилалӣ дар шароити муосир кафолати асосии сифати молу хизматрасонист.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2016    №: 221    Мутолиа карданд: 2145
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед