logo

муҳоҷират

Муҳоҷирати меҳнатии занон боиси нигаронист

Қиматгул Алибердиева, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар нимсолаи аввал ба кумита аз вазорату идораҳо 410 нусха мактубу барқия, 86 нусха аризаи хаттии шаҳрвандон ворид шуда, 641 шаҳрванд шифоҳӣ муроҷиат намуд.
86 муроҷиати хаттии занон барои омӯзишу чораҷӯӣ ба идораву кумита ва вазоратҳои дахлдор ирсол гардид. Бо мусоидати онҳо 4 нафар ба оилаҳои худ баргашта, 7 нафар муолиҷа гирифт.
Дар айни замон 3 ҳазору 915 зан дар мансабҳои гуногуни давлатӣ фаъолият дорад. Тибқи квотаи президентӣ дар соли таҳсили 2008-2009 1007 нафар ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуд, ки 550 нафараш духтар мебошад.
Дар шаш моҳи соли равон мутахассисони Маркази «Боварӣ» -и кумита 529 нафарро қабул карда ба онҳо маслиҳатҳои равониву ҳуқуқӣ дод.
Кумита дар доираи омодагӣ ба таҷлили иди бонувон моҳи февралро «Моҳи маърифати бонувон» эълон кард. Бо ҳамдастӣ бо шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру навоҳии кишвар  ба китобхонаҳо қариб 20 ҳазор нусха китоб супурданд. Алҳол аз 852 166 нафар муҳоҷири меҳнатии расман ба қайд гирифта, 54 ҳазор нафараш зан буда, 61 дар сади онҳоро синну соли аз 21 то 54 –сола ташкил медиҳад.
Қ. Алибердиева ба саволҳо посух дода гуфт, ки ба наздикӣ дар Федератсияи Русия вазъи муҳоҷирзанони тоҷикро омӯхта, барои расонидани ёрӣ дар чанд шаҳри ин кишвар Шӯрои занон ташкил намуданд.
Худкушии занҳоро ҳам омӯхта истодаем, - гуфт ӯ. Сабабҳои асосии он, пеш аз ҳама шароити пасти иқтисодӣ, рӯҳӣ ва моҷарои хонаводагист. Тасмим гирифтаем, ки корҳои фаҳмондадиҳии ҳаёти солимро дар миёни занон хубтар ба роҳ монем.

Убайдуллои МУРОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2477
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед