logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЕРЛАН ИДРИСОВ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисовро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар асоси ҳамшарикии стратегӣ ва дар доираи созмону ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз сатҳу сифати робитаҳои кунунии байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори қаноатмандӣ карда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти бештари муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид намуданд.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҷонибҳо дар баробари баррасии ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, хусусан амнияту суботи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо ин кишварро мавриди муҳокима қарор дода, аз нақшаҳои минбаъда дар муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ёдовар шуданд. Барои мусоидат ба беҳдошти вазъи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии Афғонистон тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии байниҳамдигарӣ, фароҳам овардани инфрасохтори зарурии энергетикӣ ва роҳу нақлиёт дар қаламрави ин кишвар, ҳамчунин таҳкими неруи инсонӣ дар Афғонистон тавассути рушди соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисони ботаҷриба зарур шуморида шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба ҳалли дигар масоили умдаи минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим табодули афкор намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2016    №: 233    Мутолиа карданд: 7289
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед