logo

мулоқотҳо

СУҲБАТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РАИСИ ПАЛАТАИ ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОНИ ЧЕХИЯ

2 декабри соли 2016 масоили ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Чехия дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистону Чехия аз рӯзҳои нахустини ба роҳ мондани ҳамкорӣ самтҳои гуногун ва афзалиятнокро барои таҳкими муносибатҳо интихоб намудаанд ва ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ба раванди мукаммал гардондани ҳамшарикии дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои мо бо мазмуну мундариҷаи нав метавонанд дар сатҳи назаррас мусоидат намоянд.
Дар ин робита таъсиси Гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Ҷумҳурии Чехия яке аз омилҳои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Чехия маънидод карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот, инчунин мавзӯъҳои дигари равобити дуҷониба баррасӣ шуда, вобаста ба имконоти сармоягузорӣ, тиҷоратӣ ва молиявии Чехия ба раванди рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика, туризм ва технология нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ андешаронӣ сурат гирифт.
Муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар аз мавзӯъҳои дигари суҳбат буд, ки ҷонибҳо оид ба ҳалли онҳо табодули андеша карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.2016    №: 238    Мутолиа карданд: 7417
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед