logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҶАВОНОН ДАР "САФЕД-ДАРА"

28 декабр пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими варзишӣ ва сайёҳӣ дар Маҷмааи лижаронӣ ва сайёҳии «Сафед - Дара» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намояндагони ҷавонон ва варзишгарони кишвар мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

Нахуст Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кулли ҷавонони кишвар ва дӯстдорони варзиши зимистонаро ба муносибати пурра ба фаъолият оғоз кардани маҷмааи «Сафед - Дара» самимона табрик намуда, ба соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорон барои иқдоми ватандӯстонаашон изҳори сипос карданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои бузурги сайёҳӣ, мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардиву варзишӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам густариш додани варзишу сайёҳӣ ба бунёди инфрасохтори замонавии сайёҳиву варзишии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Аз ҷумла, бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи сайёҳӣ Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, мақоми нави ваколатдори соҳаро таъсис диҳад, ки масъалаҳои соҳаи сайёҳиро мустақиман ҳаллу фасл намояд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони масъули маҷмааи «Сафед - Дара» дастур доданд, ки дар баробари ободу зебо гардондан ва бо шароити муосири истироҳату фароғати варзишӣ таъмин намудани маҷмаа сатҳи баланди хизматрасониро барои варзишгарону сайёҳон фароҳам созанд.
Дар робита ба масъалаи ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардондани инфрасохтори коммуникатсионии маҷмаа мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо ҷалби маблағҳои грантӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ таҷдид ва нигоҳдорӣ кардани 14 километр роҳи минтақаи сайёҳии имрӯза тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки маҷмааи навбунёд дар самти дарёфту тарбияи варзишгарон ва ҷалби сайёҳону варзишгарони кишварҳои гуногун ба ин мавзеи зебо саҳми сазовори худро мегузорад. Пас аз суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон намояндагони ҷавонон ва сокинони ноҳияи Варзоб баромад карда, ба Сарвари давлат барои талошҳои созанда, таъмини шароити мусоиди кору зиндагӣ, рушди бахши сайёҳию варзиш ва эълон кардани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2016    №: 258    Мутолиа карданд: 5786
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед