logo

ҳуқуқ

ДАҲШАТ. Ё ҚАТЛИ ГӮШНОШУНИДИ МОДАР АЗ СӮИ ФАРЗАНД

Бани башар, аз ҷумла ниёгони мо ҳазорсолаҳо инҷониб эҳтироми падару модар ва муносибати хуб доштан ба онҳоро ба мо талқин менамоянд  ва даъват мекунанд, ки  ба эшон эҳтироми самимӣ дошта бошем. Ба ин маъно, Саҳеҳи Бухорӣ дар як ҳадиси муборак овардааст, ки «Хушнудии Худованд дар хушнудии падару модар аст ва ғазаби Парвардигор дар ғазаби эшон аст». Чуноне ки Низомии Ганҷавӣ  мегӯяд:

Гар ҳаме хоҳӣ ризои Кирдигор,
Рав, ризои волидайнро гӯш дор.
Чун дили эшон зи ту хушнуд шуд,
Гардӣ андар охират хуш растагор.  
  
  
Бояд тазаккур дод, ки бузургии мақому мартабаи волидайн буд, ки Расули акрам ҳаққи  эшонро болотар аз ҷиҳод дар роҳи Худо ҳисобидаанд. Зеро дар зиндагӣ ҳар инсони бонангу номус ва соҳибхирад набояд ба волидони худ бо тундӣ сухан гӯяд ва ба онҳо садояшро баланд кунад. Ҳамеша ҳамдаму меҳрубон ва ғамхори онҳо бошад. Хусусан, дар вақти пирию беморӣ  ва барҷомондагӣ масъулияти нигаҳбонии эшонро ба уҳда гирад, зеро онҳо дар ин син бештар ба ҳимоя ва сарпарастии фарзанд эҳтиёҷ доранд.
Ин уҳдадорӣ дар моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст: «Фарзанди болиғу қобили меҳнат уҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои мазкур фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад». 
Вале, мутаассифона, бар хилофи гуфтаҳои боло имрӯз дар ҷомеа ашхосе вомехӯранд, ки нисбат ба волидайни худ чи амалҳо ва суханони зишту номуносиберо раво мебинанд.  Ҳатто кор то ба ҷое расида, ки  ин тоифа фарзандони сангдилу бехирад ва носипосу манқурт ҳурмату эҳтиром ва  машаққатҳои шабзиндадории модари худро фаромӯш карда, ӯро ба қатл расонда, дигаре бошад, аз нигоҳубини волидон сар печида, ҳатто  онҳоро аз хона меронад. Фоҷиае, ки рӯзи 22 сентябри соли сипаришуда рух дод, мудҳиш ва гӯшношунид мебошад. Сокини шаҳри Сарбанд Миров Тағоймурод бо як ваҳшоният модари  худро аввал бо мушту лагад, сипас бо бел ба сару танаш зада, баъд бо рӯймол дасту по ва даҳони ӯро баст. Ба нолаю фарёди ҷонгудози модар гӯш надода, ӯро зинда гӯр карда, ба болояш хок пӯшонд. Ин ҷинояткори ҷоҳил қаблан бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст. Оё аз чунин ашхос, ки ба инсон гуфтани вай забон намеравад, дигар чиро интизор будан мумкин аст. Вай наздиктарин, меҳрубонтарин шахсро, ки сояи лутфи Худо, поктар аз ҳама покиҳо, босафотар аз ҳама дар дунёст, бо як ваҳшоният ба қатл расонд.  
Кас ба инсон гуфтани ин зумра, ки раҳм дар ҳайвон асту дар онҳо не, оҷиз мемонад. Нафрати кас ба чунин ҳайвонҳои  инсонбашара ончунон меафзояд, ки ҳатто дунё дар назар шум мешавад.
Ин ҳадиси Расули Акрам ишора ба гуфтаҳои болост: «Ду гуноҳи қабеҳ ҳаст, ки аз тарафи Парвардигор авф нашаванд, «Яке зулм кардан бар бандагони Худованд, дигаре озурдани падару модар».
Ҳар фарди комилу боинсоф ва соҳибхирад бояд,  пеш аз ҳама, ба волидон бо эҳтирому самимият муносибат кунад, ҳангоми пирию беморӣ ба онҳо ғамхорӣ намояду такягоҳашон бошад, зеро қадршиносӣ нисбат ба онҳо аз арзишҳои бузурги инсонист. 
Муҳаммадшариф ШАРИФОВ,     
муовини мудири шуъбаи тарҷума,
таҳрир ва нашри  дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2017    №: 2    Мутолиа карданд: 3475
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед