logo

туризм

САЙЁҲӢ. ТОҶИКИСТОН БА САТҲИ СИФАТАН НАВ ВОРИД МЕШАВАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, 22 декабри соли 2016, пешниҳод карданд, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишофи инфрасохтор, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ҳамчунин, таъкид доштанд, ки ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳа воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар зарфи панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд. Ин тадбирҳо ҷиҳати рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди он заминаҳои зарурӣ фароҳам овардааст. Дар баробари ин, сиёсати дарҳои кушода ва тадбирҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба рушди  сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ таъсиси минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайёсозии инфрасохтори зарурӣ таъмин гашта истодаанд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир дар самти рушди сайёҳӣ соли 2015 нишондиҳандаҳои баландтарини воридоти сайёҳон ба кишвар сабт шуд. Агар дар соли 2014 зиёда аз 200 ҳазор сайёҳ ба ҷумҳурӣ ҷалб шуда бошад, дар соли гузашта шумораи сайёҳон ба беш аз 400 ҳазор нафар расид. Аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти  кишвар  206 917 000 доллари ИМА  ворид гашт, ки нисбат ба соли пешин 94 дарсад зиёд мебошад.
Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ кашвари азизамон дар рушди сайёҳӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ва ин саъю кӯшишҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд мегиранд. Масалан, тибқи иттилои сомонаи Би-Би-Си Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон қарор дорад. Globe Spots Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳии саргузаштӣ, сомонаи русии нашрияи маъруфи National Geographic шоҳроҳи Бадахшонро дар байни 10 роҳи зеботарини дунё ҷой додаанд. Маҷаллаи ТОП – 100  шаҳри Душанберо ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯйи таъмини амнияти шабона ва Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое, ки соҳаи туризмашон дар ҳоли рушд қарор дорад, ворид намудаанд. 
Коршиносони соҳа бо назардошти барқароршавии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва рушд ёфтани инфрасохтори сайёҳӣ дар соли 2017 ба сатҳи сифатан нав ворид шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро  пешгӯйӣ кардаанд.  Албатта, ин натиҷаву нишондиҳандаҳо ниҳоӣ набуда, дар ин ҷода аз ҷониби масъулон тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Тибқи арзёбии мутахассисон ҳамаи ин пешравиҳо маҳз ба он равона гардидааст, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 ба 5 ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт ба 15 дарсад расонда шавад. Дар ин ҷараён, мувофиқи Консепсияи миллии рушди соҳаи сайёҳӣ Тоҷикистон то соли 2020 бояд то 1 миллион сайёҳ қабул намояд. 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2017    №: 4    Мутолиа карданд: 6604
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед