logo

ҳуқуқ

ҚОНУНМЕҲВАРӢ

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба таҳкими низоми ҳуқуқии кишвар, ки ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад, пешниҳодҳои судманд ба миён гузошта шуд, ки иҷрои саривақтии онҳо ба манфиати ҷомеа аст. Аз ҷумла, Президенти мамлакат ба хотири рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ супориш доданд, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд. Таҳияи чунин ҳуҷҷат, аз диди мо, амри заруриву саривақтӣ буда, ба такмили қонунгузорӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани низоми ҳуқуқии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Роҳбарияти олии кишвар ғамхорӣ ба ҷавонон ва дар ин замина  ба камол расондани насли ҳушманду донишманди ояндасозро дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор доданд. Ин аст, ки дар баробари дастгириҳои зиёди иҷтимоии ҷавонон, барои дуруст ба роҳ мондани омӯзишу парвариши насли наврас санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ низ таҳия ва қабул гардиданд. Аз ҷумла, дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иқдоми саривақтӣ ва муассир буд. Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки амали қонун, дар маҷмӯъ уҳдадории падару модар, омӯзгорон, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, бештар намуда, натиҷаҳои судманд низ ба бор овардааст. Вале, то кунун бархе аз ин масъулият худро канор мегиранд ва дар риояи талаботи қонун саҳлангорӣ менамоянд.
Дар робита ба ин масъала, суди шаҳри Ваҳдат соли 2016 вобаста ба нақзи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 104 парвандаи маъмуриро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар натиҷа  бо қарорҳои судӣ 10 ҳазору 640 сомонӣ ҷарима ситонда шуда, ба буҷет равона гардид. Зимнан, суди шаҳр оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ тадбирҳои судманд андешида, нафарони қонуншиканро дар намуди ҷарима ба ҷавобгарӣ кашид. Чунончи, аз ҷониби судяҳои суди шаҳри Ваҳдат соли гузашта 13 парвандаи маъмурӣ вобаста ба риоя накардани қонуни мавриди назар баррасӣ ва аз ин ҳисоб 28 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима ба фоидаи давлат ситонда шуд. Гузашта аз ин, бо мақсади роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ, шарҳу тавзеҳи қонунгузорӣ, бахусус қонунҳои зикршуда, инчунин, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ кормандони суди шаҳр дар ҷамоату маҳаллаҳо ва муассисаҳои таълимӣ бо аҳолӣ дидору мулоқотҳои судманд анҷом доданд.
Мо - кормандони суди шаҳри Ваҳдат аз дастури Сарвари давлат оид ба омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ истиқбол намудем. Зеро ин пешниҳод ё супориши Президенти мамлакат, ки пеш аз ҳама, Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриро барои тадбирҷӯӣ муваззаф месозад, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ки қисми зиёди онро ҷавонон ташкил медиҳанд, нақши муассир хоҳад гузошт. Зеро, маҳз бар пояи донишҳои ҳуқуқӣ низоми пешрафти ҷомеа таъмин гардида, фазои қонунмеҳварӣ тавсеа хоҳад ёфт.
Сайфиддин КАМОЛЗОДА,  раиси суди шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2017    №: 8    Мутолиа карданд: 3531
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед