logo

ҳуқуқ

ҶАЗО. ТАРҒИБГАРОНИ ИДЕЯҲОИ ТЕРРОРИСТӢ МАҲКУМ ШУДАНД

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ду нафар шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба таблиғи идеяҳои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» машғул буданд, бар асоси қонунгузории ҷиноятӣ маҳкум кард.

Дар ин бора, Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванд М. Асроров, бо моддаҳои 4011 ва 32 қисми 3 - 4011 - и Кодекси ҷиноятӣ нишон додааст, ки номбурда  моҳи декабри соли 2015 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия қарор доштанаш, тавассути шабакаҳои  интернетии «Вотсап», «Вайбер» ва «Телеграмм» бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - аъзои фаъоли гурӯҳи террористии «Давлати  исломӣ» робита барқарор намудааст.
Ҳарчанд бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз 14 апрели соли 2015, гурӯҳи «Давлати исломӣ» ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) - террористӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъ шуда бошад ҳам, мутаассифона, баъзе аз ҷавонони ноогоҳ, гумроҳ ва зудбовар ба доми фиреби таблиғгарони ин гурӯҳ меафтанд. Бо роҳандозии  корҳои таблиғотию ташвиқотӣ,  ҷалб намудани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ - террористӣ, иштирок дар амалиёти мусаллаҳона, даъват ба қатлу куштор ва шомил гардидан ба узвияти ин гурӯҳҳо ба Ватан ва Миллат хиёнат мекунанд. Боиси таассуф аст, ки М. Асророви гумроҳ идеяҳои ин ташкилотро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, мақсади ба Сурия рафтан ва дар амалиёти ҷангӣ иштирок намуданро карда, ҳамзамон ду нафар шаҳрванди дигарро  барои шомил шудан ба ин гурӯҳи террористӣ ҷалб намудааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 6 январи соли 2017 М. Асроров бо моддаҳои 4011 ва 32 қисми 3 - 4011 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ҷазои сазовор гирифт.
Парвандаи ҷиноятии дигаре, ки дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  бо моддаҳои 187 қисми 2 ва 1792 қисми 3 банди «а» - и Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ шуд, ба шаҳрванд А. Мирзоев рабт дорад. Мавсуф 6 декабри соли 2015 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия рафта, чанд муддат ҷойи кори мувофиқ пайдо карда наметавонад. Бо маслиҳати «дӯстон» бо бародараш, ки дар сафи  ташкилоти экстремистӣ - террористии  «Давлати исломӣ» муқобили қувваҳои ҳукуматии Сурия меҷангид, тавассути шабакаҳои иҷтимоии «Одноклассники» ва «Вайбер» дар тамос мешавад. Бо ҳамин васила А. Мирзоев бо ғоя ва мақсадҳои ин ташкилоти экстремистӣ - террористӣ шинос гашта, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, ба он шомил шудааст. Бо хоҳиши номбурда бародараш ба ӯ барои анҷом додани амалҳои экстремистию террористӣ 800 доллар тавассути бонк интиқол додааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз 10 январи соли 2017 А. Мирзоев бо моддаҳои 187 қисми 2 ва 1792 қисми 3 банди «а» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардид.
Ҳадаф аз манзури хонанда гардондани ин матлаб дар он аст, ки  сокинони мамлакат, бавижа, ҷавонон аз оқибатҳои амали бар зарари худ, наздикону пайвандон, атрофиён, дар маҷмӯъ ҷомеа  анҷомдодаашон  биандешанд. Даст ба корҳои созандагию  бунёдкорӣ зананд, Ватани маҳбубамон  - Тоҷикистонро ба кишвари пешрафта ва шукуфон табдил диҳанд. Сатҳи маърифати ҳуқуқию динии худро баланд бардоранд ва ба ҳамин васила дар гирифтани пеши роҳи фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ саҳм гузоранд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2017    №: 17    Мутолиа карданд: 2926
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед