logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТКОРӢ ВА ПЕШГИРИИ ОН ДАР БАЙНИ НОБОЛИҒОН

Ҳукумати мамлакат ва ниҳодҳои дахлдори кишвар барои фарогирии илму дониш, омӯхтани касбу ҳунар, ташкили истироҳату фароғат ва бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин намудани наврасону ҷавонон тадбирҳои муассир меандешанд. Дар ин самт маблағҳои зиёд низ сарф мегарданд. Бо вуҷуди ин, бархе аз ноболиғону ҷавонон даст ба амалу кирдорҳои ношоиста зада, худ ва атрофиёнро зери таҳдиду хатар қарор медиҳанд. Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки аз 21 ҳазору 756 ҷинояти сабтшуда, 30 дарсадашро ноболиғон ва ҷавонон содир кардаанд, ки боиси нигаронист.
Маҳмадзоҳир Зарифзода, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, зикр намуд, ки дар ҷиноятҳои содиршуда 653 нафар иштирок кардааст, ки аз ин 96 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Яке аз масъалаҳои доғи рӯз, ки вақтҳои охир боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст, ин муноқишаҳои гурӯҳии байни мактаббачагон ба ҳисоб меравад. Чунончи, дар давоми соли 2015 ҳашт ҳолат ва дар соли сипаригашта даҳ ҳолати муноқишаи гурӯҳии байни ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Боиси таассуф аст, ки баъзе падару модарон ва омӯзгорон онро нодида мегиранд. Гӯё ин муноқишаҳо ба онҳо рабт надорад ва ин масъаларо бояд кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ  дар байни ноболиғон ва ҷавонон ба танзим дарорад.
Масъалаи дигар ин монеъ шудани баъзе падару модарон ба таълимоти ҳатмии миёнаи асосӣ мебошад, ки дар давоми ду соли охир 303 ҳолати чунин монеаҳо ошкор шуда, нисбат ба падару модарон чораҳои қонунӣ андешида шуданд. Бо вуҷуди роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда, ҳоло ҳам наврасоне пайдо мешаванд, ки аз таълим худро канор гирифта, ба корҳои беҳуда даст мезананд. Иддае дар интернет - кафеҳо рӯзро бегоҳ мекунанду гурӯҳи дигар дар назди ходимони дин таълимоти динии ғайриқонунӣ мегиранд.
Бино ба иттилои Маҳмадзоҳир Зарифзода, зимни гузарондани амалиёти мақсаднок 13 ҳолати бидуни иҷозатномаи махсус ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани наврасон муайян гардид. Аз ин 7 ҳолат ба вилояти Хатлон ва 3 ҳолатӣ ба ноҳияҳои Рашт ва Нуробод рост меояд. Гуфта шуд, ки баъзе наврасону ҷавонон на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ низ таълимоти ғайриқонунии динӣ мегиранд. Аз 3233 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълимии динии давлатҳои хориҷи дуру наздик таҳсил мекарданд, 2866 нафар, аз ҷумла дар соли 2016 - ум 41 нафар ба Ватан баргардонда шуд. Онҳо дар қайди профилактикӣ ва таҳти назорати доимии масъулон қарор доранд.
Дар ин раванд, баҳри пешгирии гароиши наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, истеъмоли маводи нашъаовар, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Бо вуҷуди ин, бархе аз ҷавонон, бинобар надоштани дониши кофии динию ҳуқуқӣ, ба доми фиреби  гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ афтода, дар дохил ва хориҷи кишвар ақидаҳои ифротии онҳоро пайгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд.
 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки «Вазъи ниҳоят печидаву мураккаби ҷаҳони имрӯза ва фаъолияти торафт густурдаи гурӯҳҳои ифротгаро боиси ноором шудани бисёр кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гардидааст. Дар чунин шароит ҷомеаи мо, аз ҷумла аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бояд бо ҷалби аъзои худ дар миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ баранд ва нагузоранд, ки ҷавонони мо фирефтаи ташвиқоти бардурӯғи ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шаванд ва номи Ватани азизамонро доғдор созанд».
Дар ин росто, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти фаврӣ - хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ба масъулони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва ҷузъу томҳои он ҷиҳати таҳияи Нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ, маданӣ ва варзишӣ бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017, ҳамкорӣ бо кумитаю идораҳои дахлдор, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонону наврасон дастуру супоришҳои мушаххас дода, зикр кард, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ ва бетаъхир андешанд.
Сафаргул  АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2017    №: 30    Мутолиа карданд: 2652
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед