logo

барқияҳо

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!
Сарфарозам ба муносибати фарорасии санаи хотирмон дар таърихи муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ ба Шумо табрикоти самимии хешро бифиристам.
Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки яке аз аввалинҳо шуда соҳибихтиёрии давлати моро эътироф намуд, шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.
Мо аз раванди рушду таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории васеи кишварҳоямон, ки имрӯз фарогири соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла арсаҳои сиёсию иқтисодӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятию низомӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамоем.
Омодаем, ки ҷиҳати густариши бемайлони муносиботи кишварҳоямон ва ғанӣ гардондани мазмуну муҳтавои онҳо минбаъд низ иқдомҳои амалии муштаракро ба роҳ андозем.
Бо ибрози таманниёти беҳтарин, ба ҷаноби Президент сиҳатии комил, пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Амрико пешрафту шукуфоӣ орзумандам».


10 феврал Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Президент!
Ман Шумо ва тамоми халқи Тоҷикистонро бо 25-умин солгарди Истиқлолият табрик менамоям. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соҳибистиқлолӣ ва якпорчагии Тоҷкистон ва давлатҳои ҳамсояи он, инчунин кӯшишҳои Тоҷикистонро дар пешбурди корҳо баҳри гулгулшукуфӣ ва боз ҳам муттаҳидтар гардонидани Осиёи Марказӣ пурра дастгирӣ менамояд.
Соли ҷорӣ Тоҷикистон ва ИМА, инчунин 25-солагии ҳамкории зичи дуҷонибаро қайд мекунанд. Чун маъмуриятам корро оғоз намуд, умед ба он дорам, ки эҳтироми тарафайн ва садоқат ба пешбурди мақсадҳои умумӣ дар соҳаи амнияту суботи минтақавӣ идома меёбад».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2017    №: 33    Мутолиа карданд: 3960
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед