logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 25 феврали соли 2017, № 101, ш. Душанбе Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бо мақсади танзими фаъолият дар соҳаи алоқаи почта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)» тасдиқ шудааст, боби 55 (2) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Боби 55 (2). Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи алоқаи почта
1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи алоқаи почта.
2. Номгӯи хизматрасонии алоқаи почта, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома гирифта мешавад:
- қабул, коркард, кашонидан ва бурда расонидани (супоридани) муросилоти почта;
- қабул ва интиқоли маблағҳои пулӣ тавассути почта;
- почтаи курерӣ ва хизматрасониҳои курерӣ;
- хизматрасониҳои почтаи байналмилалӣ;
- истеҳсол ва фурӯши аломатҳои давлатии пардохти алоқаи почта; - қабул, коркард, кашонидан ва бурда расонидани (супоридани) муросилоти алоқаи махсус ва фелдегерӣ.
3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Дар варақаи иҷозатнома илова ба маълумоти муқаррарнамудаи банди 1 боби 3 Низомномаи мазкур маълумоти зерин нишон дода мешавад:
- рақами телефонҳо ва факс;
- почтаи электронӣ;
- ҳудуди амали иҷозатнома.
5. Иҷозатнома талаботи иловагӣ ва шартҳои зерин дорад:
- намуди фаъолият дар соҳаи алоқаи почта, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома дода шудааст;
- ҳудуди фаъолият, ки дар иҷозатнома нишон дода шудааст;
- муҳлати амали иҷозатнома;
- пешниҳод намудани иттилооти дархостшаванда дар бораи фаъолияти иҷозатномадор;
- таъмини меъёрҳои муқарраршудаи сифати хизматрасониҳо мутобиқи намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда;
- ба истифодабарандагон дастрас кардани тартиби хизматрасониҳо, тарифҳо ва маълумот, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма;
- таъмини сирри муросилоти почтавӣ ва соҳибони онҳо;
- мусоидат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ бо истифода аз хизматрасонии алоқаи почта.
6. Иҷозатномадор уҳдадор аст дар объектҳо ва маҳалли хизматрасонии истифодабарандагон мавҷудияти нусхаи иҷозатномаҳо ва тартиби пешниҳоди хизматрасониҳоро таъмин намояд.».
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Эмомалӣ РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2017    №: 56    Мутолиа карданд: 1873
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед