logo

барқияҳо

БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ

Дар иртибот ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо идома дорад.

Дар табрикоту таманниёти Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ чунин омадааст:
“Бо масаррати фаровон, беҳтарин ва самимонатарин маротиби табрикоти қалбии хеш, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба муносибати фарорасии соли 1396 хуршедӣ ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим дошта, мақдами пуртаровати баҳорро бароятон табрик мегӯям.
Таҷлили ҳамагонӣ аз Наврӯз ин амонати баҳорӣ, баёнгари суннатҳои писандида ва фарҳанги бостонии мардуми кишварҳои узви Ҳавзаи Наврӯз буда, гиромидошти он мазҳари ҳамбастагӣ ва ваҳдати бештар миёни кишварҳо ва мардуми ин ҳавза мебошад. Аз даргоҳи Худованди бузург талабгорам, то соле, ки дар пеши рӯ аст, паёмовари беҳрӯзӣ, рифоҳ ва шукуфоии бештари тамоми мардуми кишварҳои узви Ҳавзаи Наврӯз ва бавежа, мардуми бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Орзумандам дар соли пеши рӯ равобити нек ва дӯстонаи мавҷуд миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама арсаҳо таъмиқ ва густариши бештар ёбад.
Дар фарҷом афзун бар таҳнияти муҷаддади Соли нав сиҳат ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шуморо тавъам бо рифоҳ ва тараққии рӯзафзуни мардуми бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Худои маннон талаб менамоям”.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.03.2017    №: 61    Мутолиа карданд: 2530
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед