logo

барқияҳо

БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

27 март Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати 25 - солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия иҷозат фармоед табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ирсол намоям.
Муносибатҳо миёни кишварҳоямон дар тӯли 25 сол ба таври мусбат ва ба нафъи ҷонибҳо рушд ёфтанд. Дар аввал тамосҳо дар асоси ҳусни ният ва эҳтироми мутақобила оғоз гардиданд. Ба масофаи дури ҷуғрофӣ нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам имкониятҳои истифоданагардидаи ҳамкориҳо мавҷуданд. Гувоҳии ҳамин гуфтаҳо сафарҳои мутақобилаи дуҷониба шуда метавонанд.
Соли 2013 собиқ Президенти Австрия ҳамчун нахустин Сарвари давлати кишвари аъзои Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон боздид ба амал овард ва Шумо ҳам чанд маротиба ба Австрия ташриф овардед. Аз ин хотир, ман боварии комил дорам, ки муносибатҳои кунунии дӯстӣ дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамчунин, фарҳангӣ минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.
Ба Австрия ҳамчун аъзои Иттиҳоди Аврупо арзишҳои аврупоӣ барои робитаҳои мо аҳамияти калон доранд. Австрия, ки нимаи дувуми соли 2018 раисии Шӯрои Иттиҳоди Аврупоро бар уҳда мегирад ва мо диққати хешро барои таҳкиму густариши робитаҳои ҳамшарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо равона хоҳем кард.
Соли равон Австрия раисии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро бар дӯш гирифт. Барои ин вазифаи байналмилалӣ ман ба мусоидат ва ҳусни таваҷҷуҳи Тоҷикистон умедворам.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба Шумо дар ин маснади олӣ муваффақиятҳо ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ таманно дорам».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2017    №: 65    Мутолиа карданд: 2599
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед