logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲО

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Иҷрокунандаи вазифаи президент - Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хван Гё Ан ба муносибати 25 - умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Иҷрокунандаи вазифаи президент - Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хван Гё Ан, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея бароям фурсати фараҳбахшеро фароҳам овардааст, то ба Шумо  табрикоту таманниёти неки хешро ирсол намоям.
Чоряк аср қабл, 27 апрели соли 1992 кишварҳои мо муносибатҳои байнидавлатиашонро дар шакли сифатан нав ҳусни оғоз бахшиданд.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра ҳамшарикии кишварҳои мо  арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд.
Ҷониби Тоҷикистон хоҳони таҳкими ин раванд мебошад ва бо мақсади фароҳам овардани заминаи бештари мусоид барои тавсеаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни ду кишвар омода аст, ки дар оянда низ кӯшишҳои пайваста ба харҷ диҳад.
Бо таҷдиди  шодбошҳои хеш  ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу  саодатмандӣ  ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея  пешрафту шукуфоӣ орзумандам».
Дар барқияи табрикии Иҷрокунандаи вазифаи президент - Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хван Гё Ан ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Аз он хушнудам, ки Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон 25 - солагии барпо намудани робитаҳои дипломатиашонро ҷашн мегиранд.
Кишварҳои мо пас аз истиқрори  робитаҳои дипломатиашон муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳояшонро дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ ҳамаҷониба равнақ доданд. Бахусус, онро таъкид карданиам, ки дар чаҳорчӯби сафари Шумо ба Ҷумҳурии Корея дар моҳи апрели соли 2015 ҷонибҳо Созишнома дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмиву техникиро ба имзо расонида, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ба фаъолият шурӯъ кард, ки заминаи хуби тавсеаи ҳамкории воқеиро миёни кишварҳои мо фароҳам меорад.
Итминон дорам, ки бар ин асос ва такя ба муқаррароти ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмиву техникӣ мо метавонем муносибатҳои мутақобилан судмандамонро дар соҳаҳои мухталиф давомнок густариш диҳем.
Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар партави 25 - солагии робитаҳои дипломатӣ  ва  80 - солагии муҳоҷират кардани кореягиҳо ба Осиёи Марказӣ, ки ҳамчунин, ба соли равон рост меояд, мо дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳоямонро ба манзури пешрафти муштарак тақвияти бештар хоҳем бахшид. Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комил ва ба кишвари Шумо шукуфоии беандоза орзумандам».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2017    №: 86    Мутолиа карданд: 2460
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед