logo

илм

КАШШОФ

Дар ҷодаи илмҳои техникиву физикӣ олимони мо низ саҳми бузург доранд. Бавижа, олимони ҷавоне, ки тавассути корҳои анҷомдодаи илмӣ ва нақшаҳои ояндаи хеш машъали боварро ба фардои илми тоҷик дар дилу дидаамон рӯшан медоранд. Яке аз чунин ҷавонмардони донишманд Фарҳод Шокиров аст. Фарҳод зодаи шаҳри Душанбе буда, таҳсили ибтидоӣ ва олиро дар Тоҷикистон гирифтааст. Бо забонҳои русиву англисӣ озодона ҳарф мезанад ва менависад. Муаллифи се монографияи илмист, ки дар Тоҷикистон ва Русия чоп шудаву мавриди баҳрабардории олимони ҷаҳон қарор гирифтааст. 14 ҳуҷҷати патентии милливу байналмилалӣ дорад. Дар тӯли фаъолияти хеш ҳамчун номзади илмҳои физика, докторанти Институти физикаю техника ба номи Султон Умарови Академияи илмҳои кишвар комплекси алгоритму кодҳои барномавӣ ва усули махсуси моделсозии равандҳои дохилиядроиро дар ҳаммуаллифӣ кор карда баромадааст ва ба ифшои як қатор хосиятҳои нави нанозарраҳо муяссар гаштааст.
Имрӯз натиҷаҳои илмии ӯро дар донишгоҳҳои Кембриҷ ва Эдинбурги Британияи Кабир, Тел - Авиви Исроил ва муассисаҳои таҳқиқотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мешиносанд ва эътироф мекунанд. Пас аз вохӯрӣ ва суҳбате, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фарҳод Шокиров доштанд, хостем тавассути рӯзнома кору пайкори ӯро ба саҳми хонандагон бирасонем.

- Мухтасар мегуфтед, ки аз кай озими ҷодаи илм шудед ва мушкилоту муқаддимоти ин роҳ чӣ гуна буд?
- Баъди хатми донишгоҳ дар гимназия - коллеҷи шаҳри Исфара ба ҳайси омӯзгори фанни математика ва информатика фаъолият оғоз намуда, пас аз ҳосил намудани таҷрибаи муайяни корӣ, бо мақсади бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолияти хешро дар кафедраи «Математикаи олӣ ва моделсозӣ» ва баъдан дар кафедраи «Системаҳои ахборотӣ - ҳисоббарорӣ» - и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ш. Хуҷанд) идома додам. Соли 2004 дар Конференсияи ҷумҳуриявии олимони ҷавон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Таҳқиқи тарзи оптималии фишурдани файлҳои рақамӣ бо истифодабарии имкониятҳои забони Ассемблер» маърӯза намудам, ки он вақт дар самти технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун таҳқиқоти беҳтарин пазируфта шуд. Пас аз конференсия, аз ҷониби олимони соҳаи илми дақиқ, аз ҷумла узви вобастаи Академияи илмҳои кишвар, профессор Ҳ. Муминов пешниҳоди мушаххас шуд, ки дар самти моделсозии компютерии ҳодисаҳои физикии дохилиядроӣ, таҳқиқи наномаводҳо ва равандҳои нанотехнологӣ машғул шавам.

- Ба мавзӯи моделсозии компютерии ҳодисаҳои физикии дохилиядроӣ, таҳқиқи наномавод ва равандҳои нанотехнологӣ рӯшанӣ меандохтед, то хонандагон самти пажӯҳиши Шуморо дурусттар дарк намоянд.
- Тамоми ҷисмҳои физикӣ аз заррачаҳои хурдтарин, ба монанди молекулаву атом, ядрову электронҳо ва аз заррачаҳои дохилиядроӣ  иборатанд. Сарчашмаи хосиятҳои асосии моддаҳо ва равандҳои физикии табиат маҳз дар микроолами дохилиядроӣ маҳфуз аст. Мушкилот дар он аст, ки андозаи бениҳоят хурди заррачаҳои микрофазо имкон намедиҳад, ки онҳоро ба мушоҳида ва таҳқиқ бигирем. Яке аз роҳҳои пажӯҳиши равандҳои дохилиядроӣ, такя ба формулаҳо ва моделҳои назарияи квантии майдон тарҳрезӣ намудани модели компютерии он микроолам мебошад. Хушбахтона, ба мо муяссар гардид, ки тавассути коркарди алгоритмҳои махсуси баназаргирандаи хосиятҳои гурӯҳӣ, ба таври махсус истифода бурдани проексияи стереографӣ ва барномарезии компютерии комплексӣ як қатор моделҳои дақиқи равандҳои  олами дохилиядроиро ба даст орем. Натиҷаҳои бадастовардашуда дар шакли мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои хориҷӣ ҳамчун дастоварди илмӣ нашр шудаанд. Услуби ифшонамудаамон бо ҳуҷҷатҳои патентии Маркази миллии патентии кишвар ва Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Русия – «Роспатент» чун навоварӣ ва услуби самараноки таҳқиқот сабт шудааст.

- Донистани табиати заррачаҳои таркиби ядро барои ояндаи илм чӣ аҳамият дорад?
- Пажӯҳиш дар ин самт ҳам дар илми бунёдӣ ва ҳам аз ҷиҳти амалӣ, бешубҳа, аҳамияти муҳим дорад. Зеро ифшо намудани табиати равандҳои дохилиядроӣ ҳоло яке аз масъалаҳои мубрами илми ҷаҳонӣ мебошад. Масалан, бунёди лоиҳаҳои бузурги илмии байналмилалӣ, ба монанди коллайдерҳои адронӣ маҳз барои ҳалли ин муаммоҳо пешбинӣ шудаанд. Дар самти татбиқи бевоситаи амалӣ бошад, вақте хосияту қобилияти нанозарра муайян мешаваду роҳи идоракунии онро меомӯзем, рушди раванди пажӯҳишҳои нанотехнологӣ ва истеҳсолу истифодабарии наномаводро дар кишварамон таъмин карда метавонем. Истеҳсоли наномаводи нав ҳоло технологияи ҷадиди илми асри XXI буда, сохтори молекулавии онҳо аз ҷониби олимон ба таври сунъӣ эҷод мегардад, яъне моддаҳое бунёд мешаванд, ки дар табиат вуҷуд надоштанд. Наномаводҳои нав дорои хосиятҳои нодир буда, дар техникаву технологияҳои муосир ба ивази моддаҳои табиии анъанавӣ истифода шудани онҳо самараи иқтисодиро ба маротиб баланд мебарад. Боз як самти таҳқиқоти мо ба омӯзиши динамикаи сарҳадҳои домении магнитӣ бахшида шудааст, ки яке аз бахшҳои илми муосири спинтроника (шохаи электроникаи квантӣ) мебошад. Ин самт бо масъалаи бунёди хотираҳои сеченакаи рақамӣ алоқамандии зич дорад, бавижа барои беҳтар кардани суръат ва ҳаҷми хотираҳои рақамӣ (хотираҳои таҷҳизоти рақамӣ, ба монанди компютер, телефон, планшет, флеш - ғункунанда, асбоби наворбардориву аккосӣ…). Рушди ин соҳаи таҳқиқот ба бунёди компютерҳои квантӣ, садҳо маротиба зиёд шудани иқтидори таҷҳизоти рақамӣ ва ҷаҳиши куллии илму технология дар сатҳи ҷаҳон хоҳад шуд. 

- Пажӯҳишҳои нодиру муҳими Шумо дар дохил ва хориҷи кишвар чӣ гуна истиқбол ёфтанд?
- Соли 2010 баъзе аз натиҷаҳои таҳқиқоти худро ба Озмуни инноватсионии байналмилалии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Москва баргузор гардида буд, пешниҳод намудем. Аз ҷумла, таҳияи бастаи барномаҳои амалӣ барои гузарондани моделсозии математикии ошӯбҳои ғайрихаттӣ дар системаҳои магнитии дученака, таҳқиқи асосҳои назариявии ҳисобкуниҳои квантӣ дар системаҳои бисёрсатҳӣ дар базаи техникаи ҳолатҳои когерентӣ. Пас аз баррасии натиҷаҳои пешниҳодшуда моро ба озмун барои муаррифӣ намудани таҳқиқоти гузарондашуда даъват намуданд. Ҳамин тавр, аз байни 493 пажӯҳиши инноватсионии пешниҳодшуда, ҳар ду пешниҳоди мо, дар қатори 24 адад беҳтаринҳо пазируфта ва қадрдонӣ гардид. Барои лоиҳаи аввалин Дипломи ғолиби озмун ва барои лоиҳаи дуюм Шаҳодатномаи Маркази инноватсионии ҷавонон – Технопарки «Система - Саров» супурда шуданд.
Мусоҳиб
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2017    №: 90    Мутолиа карданд: 12507
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед