logo

туризм

НАВРӮЗ. ЧАРО ОНРО БА САЙЁҲОН МУАРРИФӢ НАКУНЕМ?

Муаррифии Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар бозори ҷаҳонии туристӣ, ҳамчун мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик метавонад садҳо ҳазор сайёҳи хориҷиро ба кишвари азизамон ҷалб намояд.
Дар арафаи ин ҷашни фархунда дар пойтахти кишвар метавон сайёҳони хориҷиро вохӯрд, ки аз обурангу ҷилои шарқиёнаи Тоҷикистон таассуроти баланд  бардоштаанд. Бедоршавии табиат, расму оини тоҷикӣ, хӯрокҳои болаззати миллӣ ва дигар махсусиятҳо диққати онҳоро ба таври хос ҷалб менамоянд. Қобили тазаккур аст, ки нақши ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар муаррифии Наврӯз ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Инчунин, нақши калидиро дар ин ҷода меҳмоннавозии волои миллати тоҷик мебозад.
Гуфтан бамаврид аст, ки Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар кишварҳои ҳамсоя воситаи хуби ҷалби сайёҳон ва ташкили сайрҳои аҷибу хотирмон мебошад. Мутаассифона, бо сабабҳои гуногун дар кишвари мо ин ҷиҳат аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ кам ба инобат гирифта мешавад.  
Дар арафаи Иди Наврӯз бо мақсади дарёфти маълумот ба сатри ҷустуҷӯии интернет  туризми сайёҳиро ворид карда ҷустуҷӯ кардем. Дар натиҷа номгӯйи зиёди ширкатҳои сайёҳиро дарёфт кардем, ки ҳар кадоме хизматрасониҳои худро ҷиҳати сайру саёҳат дар рӯзҳои наврӯзии Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва ҳатто Туркия пешниҳод намудаанд. Турҳои чандрӯза ба шаҳрҳои гуногуни Осиёи Марказӣ диққатамонро ба худ ҷалб карданд. Вале бояд гуфт, ки дар бораи Наврӯзи Тоҷикистон ҳеҷ маълумот дарёфт накардем.
Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ айни замон дар мамлакат 119 ширкати сайёҳӣ фаъолият мебарад. Аз ин шумора 51-тоаш туризми содиротиро пеш бурда, боқимонда танҳо бо ҷалби сайёҳон ба кишвар машғуланд.
Вале, ягон ширкати сайёҳӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз имкони мусоиди ҷалби сайёҳон ба кишварро ба кор намебарад. Чаро?
Ш. ҚУРБОН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2017    №: 91    Мутолиа карданд: 2520
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед