logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 28 апрели соли 2017, № 214, ш. Душанбе Дар бораи муқаррар намудани рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи «112» Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рақами даъвати хадамоти таъҷилии огоҳисозӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода

Мутобиқи моддаҳои 32, 33 ва 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бо  мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулода ва эътинои саривақтӣ ба вазъиятҳои ногаҳонӣ ва ҳолатҳои фавқулода, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи «112» Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рақами даъвати хадамоти таъҷилии огоҳисозӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода муқаррар карда шавад.
2. Низомнома дар бораи низоми таъмини даъвати хадамотҳои таъҷилӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода бо рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи «112» Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Операторони хизматрасонии алоқаи барқӣ (маҳаллӣ ва мобилӣ) баромадро ба рақами даъвати хадамоти таъҷилии огоҳсозӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода «112» ройгон таъмин намоянд.
4. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма дар бораи рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи «112» ба аҳолии Тоҷикистон маълумот диҳад ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеиро тариқи занги телефонӣ ба рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи «112» таъмин намуда, сари вақт чораҳои дахлдорро ҷиҳати огоҳсозӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода андешад.
5. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои банди 3 қарори мазкурро таъмин намояд.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 434 «Дар бораи муқаррар намудани рақами кӯтоҳи фаврии алоқаи «111» - и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рақами даъвати хадамоти таъҷилии пешгирӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода ва баромади ройгон ба он» аз эътибор соқит дониста шавад.


Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 2571
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед