logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 193; с. 2009, № 5, мод. 323; с. 2010, № 3 мод. 154; с. 2011, № 6, мод. 459; с. 2013, № 7, мод. 517; с. 2014, № 11, мод. 645; с. 2016, № 3, мод. 137; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, № 1387; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, № 1388; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, № 1389) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати сеюми моддаи 12 калимаҳои «мақомоти онро» ба калимаи «мақомотро» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 24:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Корманди мақомоти Агентӣ шахсе ба ҳисоб меравад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар хизмат ва ҳайати эҳтиётии кадрҳои мақомоти Агентӣ қарор дошта, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ рутба ва ё унвони махсус дода шудааст.»;
- дар қисми 2 калимаҳои «дар» ва «шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳатмист» мувофиқан ба калимаҳои «таҳти» ва «мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад» иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои «муроҷиати шаҳрвандон ва» ба калимаҳои «муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 26:
- қисмҳои 1 ва 2 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«1. Ба хизмат дар мақомоти Агентӣ шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синнаш ба 20 расида бошад, дорои таҳсилоти миёна ва (ё) олии касбӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад ва вазъи саломатиаш барои адои хизмат дар мақомоти Агентӣ мувофиқ бошад.
2. Ба хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ шахсе қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синнаш то 35 бошад, дорои таҳсилоти олии касбӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад ва вазъи саломатиаш барои адои хизмат дар мақомоти Агентӣ мувофиқ бошад. Нисбати шахсоне, ки аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хизмат дар Агентӣ гузаштаанд, маҳдудияти синнусолӣ паҳн намегардад.»;
- дар қисми 14 калимаҳои «то 2 сол дароз кунад» ба калимаҳои «бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон то 2 сол дароз намояд» иваз карда шаванд.
4. Аз қисми 6 моддаи 28 калимаҳои «кормандони раёсати Агентии дар нақлиётбуда аз нақлиёти роҳи оҳан,» хориҷ карда шаванд.
5. Дар қисми 2 моддаи 32:
- ба сархати дуюм пас аз калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар» илова карда шаванд;
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1441

ҚАРОРИ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                              Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 3 майи соли 2017, № 762


ҚАРОРИ Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ  
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 405


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 1116
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед