logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

1 июл миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Венгрия Янош Адер ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Венгрия Янош Адер, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Венгрия сарфарозам ба Шумо табрикоту таманниёти самимии хешро бифиристам.
Боиси қаноатмандист, ки дар ин муддат, бар асари саъю кӯшишҳои ҳар ду ҷониб, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо сатҳи сифатан нав касб намуданд.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Венгрия дар соҳаҳои гуногун дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши беш аз пеш хоҳанд ёфт. Итминон дорам, ки дар оянда низ ба хотири пешрафти ин раванди созанда ҳар ду ҷониб саъю эҳтимом ва кӯшишҳои пайвастаи хешро дареғ нахоҳад дошт.
Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Венгрия ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам».

Дар барқияи табрикии Президенти Венгрия Янош Адер ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Иҷозат фармоед табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳоямон ба Шумо иброз намоям.
Бароям боиси хушҳолист, ки дар чунин масъалаи мубрами рӯзҳои мо, ки ҳаётан муҳим ҳам ҳаст, яъне мушкилоти ҳифзи захираҳои обии сайёра, дар симои Шумо дар паҳлуи худ ман метавонам ба чунин иттифоқчии қавие, ки худи ӯ барои муваффақ шудан ба ин кор кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, умед бандам. Онро, ки ин суханон хушку холӣ нестанд,   муколама оид ба мушкилоти об, ки барандагони муштараки он Венгрия ва Тоҷикистон мебошанд, инчунин, иштироки Шумо, ҷаноби Президент ва суханронии Шумо дар Саммити дуюми Об, ки соли гузашта дар шаҳри Будапешт барпо шуд, баръало нишон медиҳад.
Ман комилан мутмаинам, ки ҳамкории муваффақонаи оғозгардидаро мо метавонем минбаъд низ бо чунин ҷараён ва самара идома диҳем.
Ба Шумо дар вазифаи масъулатон муваффақиятҳои беназир ва саломатии комил таманно дорам».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2017    №: 138    Мутолиа карданд: 2309
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед