logo

ҳуқуқ

ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НАҚШИ КАЛИДӢ ДОРАД

Истиқрори сулҳу амният ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар мамлакат, ки бо талошҳои судманду натиҷабахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, имкон дод, ки кишвари азизи мо дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузорад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҳдидҳоро аз байн бурда, ба барқарории тартибу низом ва ислоҳоти амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Тибқи натиҷагирии созмонҳои байналмилалӣ, айни замон Тоҷикистон аз ҷиҳати бехатарӣ барои ҳаёти шаҳрвандон дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойгоҳи аз ҳама сазовор дошта, пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ба рӯйхати даҳ шаҳри барои зиндагӣ  бехавфтарини ҷаҳон дохил шудааст. Ҳамзамон, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ таъсиргузор гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои онро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон ҳамеша истиқбол ва ҷонибдорӣ менамояд.
Барои ба чунин дастовардҳои назаррас ноил гардидан, яъне расидан ба ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот, дар баробари дигар мақомоти давлатӣ кормандони прокуратура  низ нақши бориз гузоштаанд. Дар он солҳо бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тафтиши ҳодисаи ғасби ҳокимият бо роҳи табаддулот, куштори ходимони давлатӣ, шаҳрвандон ва дигар ҷиноятҳои дар ин давра содиршуда дар назди Прокуратураи генералӣ  Ситоди ҷумҳуриявӣ иборат аз 35 гурӯҳи тафтишотӣ  дар ҳайати 250 нафар корманди  фаврию тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис шуд. Аз  тарафи ситоди мазкур дар муддати кӯтоҳ тафтиши зиёда аз 200  парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба  235 нафар шахси ба  ҷиноятҳои номбурда дастдошта  анҷом ёфта, ба судҳо ирсол гардид.
Танҳо дар давоми як сол прокуратура якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  тафтиши 6013  парвандаи ҷиноятиро оид ба амалҳои террористӣ, гаравгонгирӣ, роҳзанӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба анҷом расонд ва  гунаҳгорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Дар ҷараёни тафтиши ин парвандаҳо дастаҳои зиёди мусаллаҳи ба ҷиноят дастзада ошкор гардида, роҳбарону аъзои онҳо муҷозот шуданд. Дар он шароити хатарнок мақомоти прокуратура, инчунин, ҳазорҳо манзили истиқоматӣ,  иншоот, воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон ва ташкилоту корхонаҳоро, ки бо роҳи зӯроварӣ ғасб шуда буданд, ба соҳибонашон баргардонданд. Дар ин роҳ чандин нафар ҳамкорони мо, аз ҷумла аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нурулло Ҳувайдуллоев ҷони худро нисор намуданд.
Кормандони  мақомоти прокуратура имрӯзҳо низ дар пешгирии таҳдиду хатарҳои муосир ба амният ва суботи ҷомеа ҳисси баланди масъулият  ва ташаббускорӣ  нишон медиҳанд. Солҳои охир бар асари вусъат ёфтани экстремизм ва терроризм, тундгароӣ, таассубу хурофот амният ва ваҳдати ҷомеа дар бисёр кишварҳои олам осебпазир гардидааст. Баъзе кишварҳои абарқудрат бо нияти аз нав тақсим намудани ҷаҳон мухолифатҳои нави доманадорро дар минтақаҳои гуногуни олам  роҳандозӣ намуда истодаанд.
Ба фазои динию сиёсии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон  гурӯҳу ҳаракатҳои зиёди тундрав ворид шуда, бо истифода аз шарҳу тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ  ва таблиғоти мазҳабу фарҳанги бегона мекӯшанд дар байни мардум тухми кинаву адоват кошта, вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷомеаро халалдор созанд. Албатта, ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа нест, ки мардуми тамаддунофари мо, ки оқибатҳои харобиовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми сар дидааст, истиқлолият ва сулҳу суботро  бо ҷон харидорӣ менамояд.
Дар баробари ин, баъзе ҷавонони бетаҷриба ва ноогоҳ, ки аз тарбияи  падару модар ва аҳли ҷамоатчигӣ  дур мондаанд, ба доми фиреби гурӯҳҳои террористию экстремистӣ афтида, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. Аз  ин лиҳоз, фаъол будан дар муқобили низоангезӣ ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудани ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст маҳсуб меёбад. Дар ин самт бояд корҳои таблиғотию ташвиқотиро васеъ ба роҳ монд. Дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки доираи васеи аҳолӣ доир намудани мулоқоту вохӯриҳо оид ба ҳифзи манфиатҳои халқу давлат, қадру манзалати ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, инчунин, гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату ҷараёнҳои тундрав манфиатовар аст.
Шарти муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ин риоя ва ҳифзи  ҳуқуқу манфиатҳои ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Поймол гардидани ҳуқуқҳои шаҳрвандон, беэътиноӣ ба арзу шикояти онҳо, ришваситонӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ ҳассосияти аҳолиро ба даъватҳои ифротгароёна афзуда, сатҳи тундгароиро дар ҷомеа боло бурда метавонад. Бинобар ин, холисона ва аз рӯи масъулият анҷом додани вазифаҳои хизматӣ, муносибати дилсӯзона ва дақиқкорона ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ  ҳамчун саҳми ҳар яки мо дар таъмини ризоият дар ҷомеа ва ваҳдати миллӣ  ба ҳисоб меравад. Мо бояд асосҳои қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқиро мустаҳкам намуда, нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ  ва тундравӣ ба зеҳни мардум  роҳ ёфта, сарҷамъии миллат ва оромии Ватани азизамонро халалдор намоянд.
Юсуф РАҲМОН,
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2017    №: 142    Мутолиа карданд: 772
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед