logo

ҳуқуқ

СТРАТЕГИЯИ НАВ. БОЗ ЯК ИҚДОМ ОИД БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ КӮДАК

Давлат ва Ҳукумати мамлакат кӯдакони маъюбро мавриди ғамхории доимӣ қарор дода, барои таҳсил, тайёрии касбӣ, интихоби шуғли муносиб ва бо кор таъмин намудани онҳо, бо назардошти вазъи саломатӣ, талабот ва имкониятҳояшон шароити мусоид фароҳам овардааст. Ин қишри ҷомеа аз ҷиҳати моддӣ, маишӣ, иҷтимоӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, таъминоти онҳо бо доруворӣ ва воситаҳои тавонбахшӣ ба таври ройгон кафолат дода мешавад.
Ин матлабро Раҷабмо Ҳабибуллозода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, зимни муаррифии лоиҳаи Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 баён намуд. Мавсуф дар ҳузури намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма зикр кард, ки татбиқи стратегия дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи кӯдак мусоидат хоҳад кард. Лоиҳаи ин санади муҳим пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи қонунгузории милливу байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи кӯдак, маърӯзаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба кумитаҳои дахлдори СММ, тавсияҳои пешниҳоднамудаи кумитаҳои мазкур ва рафти иҷрои онҳо, маърӯзаҳои солонаи  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мамлакат, вохӯриву мулоқотҳои машваратӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак фаъолият доранд, инчунин, машваратҳо бо намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳия шудааст.
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Аҳад Содиқов  лоиҳаи Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020-ро муаррифӣ намуда, зимнан тазаккур дод, ки дар сиёсати давлат дар соҳаи маориф таъмини ҳуқуқи баробар ба таҳсил яке аз самтҳои афзалиятнок мебошад. Аз ин рӯ, вобаста ба ислоҳоти низоми маориф ва ба талаботи кӯдакони имконияташон маҳдуд мутобиқ намудани он кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешавад.
Дар мизи мудаввар гуфта шуд, ки ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат 6139 кӯдак, дар муассисаҳои махсусгардондашудаи намуди интернат 2219 кӯдак, дар таҳсилоти хонагӣ 1040 кӯдаки имконияташ маҳдуд таҳсил менамояд. Дар сенздаҳ муассисаи махсусгардондашуда барои кӯдакони нобино, қувваи босираашон  суст, гунг ва ноқисии рӯҳидошта 3463 кӯдак ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Бо вуҷуди ин, дар самти дастрасии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил ҳамоно мушкилиҳо боқӣ мемонанд. Раҷабмо Ҳабибуллозода иброз дошт, ки бо назардошти тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар лоиҳаи Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мусоидат ба таъмини  ҳуқуқи дастрасии  кӯдакони маъюб ба таҳсили босифат дар се соли минбаъда ҳамчун самти афзалиятнок муайян гардид. Дар ин раванд таҳлили қонунгузорӣ бо мақсади ба он пешниҳод намудани тағйиру иловаҳо вобаста ба таҳсилоти фарогири ба ҳуқуқи инсон асосёфта, таҳлили механизмҳои мавҷудаи амалишавии ҳуқуқи кӯдакони маъюб, ба роҳ мондани низоми санҷиши доимии дастрасии кӯдакони маъюб ба таҳсил ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар робита ба ҳуқуқи кӯдакони маъюбиятдошта мақсади асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2017    №: 145    Мутолиа карданд: 795
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед