logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ИФРОТГАРОӢ
Боз як тарғибгари терроризм 16 сол ҳабс шуд
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як мубаллиғи гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ»-ро ба муҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Мирсаид Мирзоев замони муҳоҷирати кориаш дар Федератсияи Русия ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати исломӣ ” шомил шуда, чанд тан аз шаҳрвандони дигари Тоҷикистонро барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ ва иштирок дар даргириҳои Сурия ҷалб намудааст.
Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Мирсаид Мирзоев бо дастрасии моддаҳои 4011, 187 қисми  2, 3073  қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суд нишон додааст, ки номбурда, ҳамчунин,  моҳи сентябри соли 2015 мехост ба Сурия сафар намояд. Зимни сафар ба Сурия дар шаҳри Истанбули Туркия бо аъзои фаъоли ташкилоти мазкур вохӯрда, бо супориши онҳо барои ҷалби шаҳрвандон ба узвияти ин гурӯҳи террористӣ моҳи октябри соли 2015 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштааст.
Қасди амалӣ намудани ҳаракатҳои ҷинояткоронаи Мирсаид Мирзоев аз назари заррабини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дур намонд ва ба ҷазои қонун гирифтор шуд, ки сабақе барои дигар афроди ҷиноятпеша аст.

НАФС
директор ва омӯзгори коллеҷи тиббиро ба ҷиноят кашид
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ директор ва як омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Конибодоми вилояти Суғдро ба гумони гирифтани пора дастгир намуданд.
Тибқи иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, ин афрод рӯзи  4-уми июли соли ҷорӣ, бо маслиҳати пешакӣ, барои ба коллеҷ дохил намудани ҷавонписари 22 - солаи шаҳри Исфара, аз зани 54 - солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1800 доллари амрикоӣ ҳамчун пора талаб намудаанд.
Боздошти онҳо баъд аз зӯҳри 12 июл дар дафтари кории директори коллеҷи тиббӣ ҳангоми гирифтани маблағи нишондодашуда сурат гирифта, вобаста ба ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2017    №: 148    Мутолиа карданд: 762
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед