logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, №12, мод. 683; с. 2004, №7, мод. 455; с. 2005, №3, мод. 127; с. 2008, №3, мод. 190, №12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, №7, мод. 552, №12, қ. 1, мод. 810; с. 2011, №6, мод. 443; с. 2012, №4, мод. 255, №7, мод. 716, №12, қ. 1, мод. 1018; с. 2013, №7, мод. 507, №12, мод. 880; с. 2015, №11, мод. 951, мод. 952; с. 2016, №3, мод. 129, №5, мод. 358, №11, мод. 876), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Матни моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф  намудааст, иборат мебошад.».
2. Ба банди б) моддаи 81 пас аз калимаи «Душанбе» калимаҳои «, нақлиёти Тоҷикистон» илова карда шаванд.
3. Дар қисми 7 моддаи 82, қисми 6 моддаи 169, қисми 11 моддаи 208, қисмҳои  2 ва 3 моддаи 216 ва қисми 1 моддаи 219 калимаҳои «акти» ва «акт» мувофиқан ба калимаҳои «санади» ва «санад» иваз карда шаванд.
4. Матни моддаи 147 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ҳангоми мусбӣ арзёбӣ гардидани рафтори маҳкумшудаи ба синни 18 расида, суд метавонад ӯро то ба синни 20 расидан бо пешниҳоди сардори колонияи тарбиявӣ ва бо розигии прокурор дар колонияи тарбиявӣ мононад.
2. Нисбат ба маҳкумшудаи ба синни 18 расидае, ки дар колонияи тарбиявӣ мононда шудааст, шартҳои адои ҷазо, меъёри хӯрокворӣ ва таъминоти моддию маишии барои маҳкумшудагони ноболиғ муқарраргардида татбиқ карда мешавад.».
5. Матни моддаи 148 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Шахсони ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки ба синни 18 расидаанд, бо пешниҳоди сардори муассиса ва розигии прокурор аз ҷониби суд ба колонияҳои ислоҳӣ аз рӯи низоми адои ҷазои таъингардида гузаронида мешаванд.
2. Маҳкумшудагоне, ки ба синни 20 расидаанд, бо қарори сардори колонияи  тарбиявӣ барои адои минбаъдаи ҷазо ба колонияҳои ислоҳӣ аз рӯи низоми адои ҷазои таъингардида гузаронида мешаванд.».
6. Дар моддаи 208:
- ба қисми 1 пеш аз калимаи «пешниҳод» калимаҳои «бо розигии прокурор» илова карда шаванд;
- ба қисмҳои 7 ва 11 пас аз калимаҳои «иҷрокунандаи ҷазо» калимаҳои «бо розигии прокурор» илова карда шаванд.
7. Қисми 8 моддаи 211 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«8. Муассисае, ки иҷрои ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ таъмин мекунад, нозироти корҳои ислоҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ваколатдор дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар хусуси ба наздикӣ озод шудани маҳкумшуда ва андешидани чораҳо ҷиҳати расондани кӯмаки иҷтимоӣ ба ӯ огоҳ месозад.».
8. Ба қисми 2 моддаи 213 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Барои таъмин намудани мушоҳида ва назорат муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мақомоти корҳои дохилиро дар хусуси ба наздикӣ озод шудани маҳкумшуда огоҳ мекунанд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                                                             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июли соли 2017, № 1444


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2017, № 775

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии     
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ  
ш. Душанбе, 12 июли соли 2017, № 422


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2017    №: 153-154    Мутолиа карданд: 2346
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед