logo

ҳуқуқ

ОИЛАДОРӢ. БЕКОРШАВИИ АҚДИ НИКОҲ ТАШВИШОВАР АСТ

Аз як гузориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки бо вуҷуди тадбирҳои судманди ҳуқуқиву иҷтимоӣ ҳамоно ҷудошавии оилаҳо дар чанд соли охир аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мондааст.

Роҳбарияти Суди Олии мамлакат ахиран дар суҳбат бо хабарнигорон аз афзоиши пошхӯрии оилаҳо изҳори нигаронӣ карда,  бекоршавии ақди никоҳро дар байни ҷавонон ташвишовар арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон оид ба ҷудошавии оилаҳо 5091 парванда баррасӣ шуда, бо баровардани ҳалномаҳои судӣ  4178 ақди никоҳ бекор шудааст. Дар мавриди амалҳои зӯроварӣ дар оила гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҷониби судҳо 28 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 30 нафар баррасӣ гардида, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Бино ба гуфтаи Давлатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли равон 5040 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 516 адад зиёд мебошад. Аз ҷумла, 3474 ақди никоҳ аз тариқи судӣ ва 1535 ақд аз ҷониби бахшҳои САҲШ - и шаҳру навоҳии кишвар дар асоси ариза ва ризояти тарафайн бекор гардидааст. Д. Сироҷзода  дар мавриди ихтилофи теъдоди бекоршудаи  ақди никоҳ аз тариқи судӣ байни Суди Олии кишвар ва Раёсати САҲШ  иброз дошт, ки қарори суд пас аз як моҳ баъди мурофиа ба дасти шаҳрвандон мерасад ва манзури САҲШ - ҳои шаҳру ноҳияҳо мегардад. Бинобар ҳамин,  шумораи нишондодаи Суди Олӣ зиёд аст. Сардори раёсат омилҳои асосии аз ҳам пошхӯрии оилаҳоро дар паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бадахлоқӣ, ба маҳкама кашида шудани ҷавонон, истеъмоли машрубот, бадмастӣ, кибру ғурур ва таънаи тарафҳои арӯсу домод ба ҳамдигар арзёбӣ намуд.
Ба андешаи Шарифамо Қурбонова, сардори бахши САҲШ - и ноҳияи Сино, баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҳазорҳо ҷавононе, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ имкони барпо кардани маъракаи арӯсиву домодиро надоштанд, бо хароҷоти кам оиладор шуданд. Бо вуҷуди ин, мутаассифона, теъдоди бекор шудани ақди никоҳ сол ба сол меафзояд ва масъалаи аз ҳам пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ташвишовар боқӣ мемонад. Дар урфият мегӯянд, ки «Ҳар он чиз, ки ба осонӣ ба даст ояд, зуд ва ба осонӣ аз даст меравад». Тарафҳо ҳини бекор кардани никоҳ ба давлат маблағи ночизе месупоранд. Баъзе ҷавонон аз ин имконот суистифода бурда ду - се маротиба хонадор мешаванд, ки ин амали носавоб боиси нигаронист. Шояд барои пешгирии аз ҳам ҷудо шудани оилаҳо ҷарима ба маблағи калон муқаррар карда шавад. Хуб мешуд, ки ин масъала дар сохторҳои дахлдор мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор гирад ва ба ҳукми қонун дарояд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2017    №: 157    Мутолиа карданд: 1004
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед