logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, №7 , мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7-8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7-9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2017, № 1445), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 37:
- аз қисми 1 калимаҳои «маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус,» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи «Бо» ба калимаҳои «Маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус, бо» иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 42:
- дар қисми 1 калимаҳои «ду сол» ба калимаҳои «даҳ сол» иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Қарорро оид ба таъйин намудани ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус судя қабул мекунад.».
3. Санксияи моддаи 332 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.».
4. Дар моддаи 336:
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба андозаи дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба андозаи дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.»;
- санксияи қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
5. Санксияи моддаи 337 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба андозаи чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати даҳ сол таъйин карда мешавад.».
6. Санксияи моддаи 342 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони мансабдор ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
7. Дар моддаи 481:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «тартиби муқаррарнамудаи» ва «маросимҳо» мувофиқан ба калимаҳои «талаботи» ва «маросим» иваз карда шаванд;
- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, санксияи он дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи сад, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
- ба модда қисмҳои 2 ва 3 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«2. Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин, -
ба андозаи ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
3. Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 августи соли 2017, № 1466

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 августи соли 2017, № 858

ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 28 августи соли 2017, № 447


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 3987
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед