logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

28 август миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд ба муносибати 25 - умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли хушнудӣ Шуморо бо фарорасии санаи муборак дар таърихи муосири муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии   Ҳиндустон – 25 - умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон – самимона табрик менамоям.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо ҳар ду ҷониб заминаи боэътимоди қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судмандашонро дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн эҷод намуда, бо талошҳои фаъолу созанда онҳоро пайгирона густариш додаанд.
Мо итминон дорем, ки идомаи бемайлони ин раванд ҷавобгӯйи манфиатҳои миллӣ  ва ормонҳои мардумони ду кишвари дӯст мебошад. Зимнан ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки баҳри рушду такомули минбаъдаи ҳамшарикии гуногунҷанбаи ду кишвар саъю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад.
  Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон  сулҳу субот ва  рӯзгори ободу пешрафти беш аз пеш орзумандам».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Ҷаноби муҳтарам!
Бо хушнудии зиёд Шуморо Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро ба муносибати 25 - солагии таъсисёбии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки рӯзи 28 августи соли 2017 таҷлил мегардад, табрик менамоям.
Муносибатҳои байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон аз рӯи таърих, забон, анъана ва фарҳанги муштарак реша давондаанд. Бинобар ин, бамаврид аст, ки ду кишвари мо бо шарикии стратегӣ ва дар асоси ҳадафҳои умумии амният ва шукуфоии ду кишвар ва минтақа, бо ҳам пайванданд. Боздиди Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба Ҳиндустон, ки моҳи декабри соли 2016 сурат гирифт, саҳифаи навро дар муносибатҳои ду кишвар кушода, ба таҳкими равобити дуҷонибаи мо умед мебахшад.
Лутфан табрики маро бо таманнои саломатии хубу бардавом ва хушбахтӣ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, қабул доред.
Ҷаноби муҳтарам, фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба Шумо ғанимат медонам».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 2140
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед