logo

барқияҳо

БАРҚИЯҲОИ ТАСАЛЛИЯТ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

9 октябр дар робита ба даргузашти Нуриддин Раҳмон, бародари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони як қатор давлатҳо, ҳукуматҳои хориҷӣ, ҳамчунин ниҳодҳои кишвар номаҳои тасаллият ворид гардиданд.

Дар паёми тасаллияти Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал - Аҳмад ал-Ҷобир ас - Сабоҳ омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Бо андуҳи гарон вафоти бародари гиромиатон Нуриддин Раҳмонро (Худо раҳматаш кунад) қабул намудам.
Ҷаноби Олӣ, самимонатарин таъзия ва ҳамдардии содиқонаи хешро ба Шумо барои ин мусибат арз менамоям ва аз даргоҳи Худои мутаол масъалат дорам, ки марҳумро мағфират ва дар ҷаннати худ сокин гардонда, ба Шумо ва оилаи муҳтарам сабру шикебоӣ ва ҳусни азодорӣ ато гардонад.
Мо аз Худоем ва ба сӯйи ӯ бармегардем...».

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар номаи тасаллияти худ гуфтааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Хабари даргузашти бармаҳали бародари калонии Шумо – Нуриддин Раҳмонро бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтам.
Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи маро дар робита ба талафоти сангине, ки ба сари Шумо ва наздиконатон омад, қабул фармоед».

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар номаи тасаллияташ чунин нигоштааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Хабари вафоти бародари калонии Шумо – Нуриддин Раҳмонро бо андуҳи гарон дарёфтам. Талаф додани шахси наздик ин андуҳи гарон ва талафоти бебозгашт аст.
Дар ин лаҳзаҳои душвор хоҳишмандам тасаллияти амиқи маро бипазиред, инчунин, эҳсоси ҳамдардиро ба наздикону пайвандонатон расонед».

Дар барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев гуфта мешавад:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Хабари марги бармаҳали бародари калонии Шумо – Нуриддин Раҳмонро бо андуҳи амиқ дарёфтам.
Дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳузнангез аз номи халқи қирғиз ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва аҳли оилаатон изҳори ҳамдардии амиқ менамоям.
Андуҳи талафоти бебозгаштро бо ҳам қисмат мекунем».

***
Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати даргузашти бародарашон

НУРИДДИН РАҲМОН
бо андуҳи сангин изҳори ҳамдардӣ ва тасаллияти амиқ намуда, ба фарзандон, хешу табор ва пайвандонашон аз даргоҳи Офаридгор сабри ҷамил ва аҷри азим хоҳонем.
Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

***
Раёсат ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба сабаби вафоти бародарашон
НУРИДДИН РАҲМОН
ҳамдардӣ баён намуда, ба наздикону пайвандонаш аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳонанд.

***
Кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати вафоти бародарашон –

НУРИДДИН РАҲМОН
изҳори ҳамдардию тасаллияти амиқи хешро баён намуда, дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба аҳли хонавода – фарзандон, хешу табор ва пайвандону ёру дӯстони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил ва аҷри азим хоҳонанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2017    №: 211    Мутолиа карданд: 2130
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед