logo

ҳуқуқ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Шаҳрванд С. Т., сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки  аз  соли 2011 ҳамчун  роҳбари  ҶДММ  «Файзимоҳ»  фаъолият дошт ва шариконаш мувофиқи маслиҳати пешакӣ ба воситаи мошинҳои боркаши «Дулан» (52 26 ВА 01, 28 43 ВХ 01, 61 87 ВС 01) аз Ҷумҳурии Мардумии Чин  таҷҳизоти техникӣ, либос, ашёи хона ва дигар молҳои мавриди ниёзи мардумро бе расмиёти гумрукӣ, яъне тариқи қочоқ ба кишвар ворид намуда, аз ҷониби кормандони раёсати мубориза бо қонуншиканиҳои гумрукии Хадамоти гумрук боздошт шуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, арзиши моли тариқи қочоқ вориднамудаи С. Т. ва ҳамроҳонаш 1632754 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбат ба амали мазкур бо қисми 2 - и моддаи 289 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
* * *
Гумрук дарвозаи мамлакат аст ва чӣ қадар ворид ё берун шудани мол бояд ҳамеша таҳти назорат бошад. Бе барасмиятдарорӣ ва пардохти боҷи гумрукӣ ба кишвар ворид намудани мол ба танзиму банақшагирии иқтисодиёт ва Буҷети давлат зиёни ҷиддӣ мерасонад. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати кишвар, танҳо дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони хадамот 3274 ҳолати қонуншикании гумрукӣ ошкор карда шудааст, ки қочоқи молу воситаҳои нақлиёт қисми таркибии онҳо мебошад.
Пас аз баррасии 3203 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2832 шахси воқеию ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, аз онҳо ба фоидаи Буҷети давлат ба маблағи 2 миллиону 980 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима ситонда шуд. Инчунин, ба маблағи 2386,2 ҳазор сомонӣ мол мусодира ва дар натиҷаи гузарондани тадбирҳои иловагию фаҳмондадиҳӣ ба андозаи 19250,5 ҳазор сомонӣ пардохти гумрукӣ ба Буҷети давлат ворид гардид.
Шуъбаи иқтисоди «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2017    №: 219    Мутолиа карданд: 1507
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед