logo

ҳуқуқ

НОРАК. ЯК ИҚДОМИ МУҲИМ

Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхорӣ» маркази будубоши рӯзонаи таълимӣ - солимгардонии «Меҳрбахш» таъсис ёфт, ки ба кӯдакони нуқсонҳои забонӣ ва гуфторидошта таълими ибтидоӣ медиҳад.
Бино ба иттилои Анзурат Сиддиқова, котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, ин иқдом бо мақсади ба таълим фаро гирифтани кӯдакони нуқсони ҷисмонидошта рӯи даст гирифта шудааст. То имрӯз се нафар ноболиғе, ки шароити зиндагиашон дар оила барои таълиму тарбияи дурусти онҳо мусоидат намекард, ба мактаб - парваришгоҳҳои ҷумҳурӣ фиристода шуданд. Дар филиали рақами 08 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Норак бошад, барои 14 ятим суратҳисоб кушода шуд.
Ба иттилои манбаъ, Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар шуъбаи маориф ва ҷамоатҳои деҳот ҳаштод комиссияи ҷамъиятӣ ташкил намудааст. Аъзои комиссия якҷо бо нозирони минтақавӣ дар муассисаҳои таълимӣ, кӯчаю бозорҳо ва нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ рейдҳои муштарак гузаронда истодаанд. Инчунин, комиссия гурӯҳҳои ҷамъиятии «Дастаҳои ихтиёрии хонандагон», «Ёрдамчиёни ҷавони милитсия» - ро таъсис додааст.
Ба гуфтаи Анзурат Сиддиқова, дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи ноболиғон ду  ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта аз тарафи 11 ноболиғ 14 ҷиноят содир шуда буд. Барои риоя нашудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба 49 нафар волидон бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суди шаҳр ирсол гардид.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2017    №: 219    Мутолиа карданд: 1798
27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

РӮЗҲОИ СИНАМО ДАР ТОШКЕНТ

16.09.2022


ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ ҶАШНӢ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

15.09.2022


Сарвазири мамлакат дар ҷаласаи СААД иштирок намуд

Суҳбати телефонии Путин бо Шолс

Ҷаҳон дар як сатр

СҲШ. САМАРҚАНД МЕҲМОНОНРО БО ШОҲКОРИИ НАВ ИСТИҚБОЛ МЕГИРАД

13.09.2022


Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед