logo

ҳуқуқ

ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД

Сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Рашт муташаккилона ҷараён дошта, теъдоди онҳое, ки ихтиёрӣ барои хизмати ҳарбӣ ба артиш мепайванданд, сол ба сол меафзояд.

Ин далелро маъракаи ботантанаи гусели ҷавонон ба Артиши миллӣ, ки чанд рӯз қабл дар комиссариати ҳарбии ноҳия баргузор гардид, тақвият бахшид. Бино ба иттилои Раҳимҷон Набиев, раиси комиссияи ноҳиявӣ оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати  ҳарбӣ, ахиран 65 нафар ҷавони бонангу номус ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, бо навиштани ариза омодагии худро ба хизмати Ватан - Модар изҳор доштанд. Дар ҳамин ҳол, 40 нафар пеш аз гусел ба хидмати ҳарбӣ курси ронандагиро хатм намуданд.
Қаноатшо Лоиқзода, раиси ноҳияи Рашт, дар маросими тантанавии гусели наваскарон аз рағбати ҷавонони ноҳия ба хизматӣ ҳарбӣ истиқбол намуда, хизмати ҳарбиро мактаби ҷавонмардӣ ва қарзи шаҳрвандӣ унвон кард. Раиси ноҳия дар хитоб ба ҷавонони даъватшуда, изҳор дошт, ки пайвастан ба Артиши миллӣ дар Соли ҷавонон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, боиси ифтихору сарфарозӣ хоҳад буд.
Тибқи дастури раиси ноҳия дар ҳар маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангию ватанпарастӣ ташкил гардида, ҳамчунин, даъватшудагон бо сарулибоси варзишӣ таъмин мешаванд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2017    №: 219    Мутолиа карданд: 1670
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед