logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

БАҲСИ ЧАРОГОҲ. Як нафар ҳалок ва се нафар 77 сол зиндонӣ шуд
Суди вилояти Хатлон шаҳрвандон  Ф. Бадалиев, И. Бадалиев ва Ҷ. Бадалиевро бар асоси чанд моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷрим шинохта, онҳоро ба муддатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номбурдагон вобаста ба истифодаи чapoгoҳ дар мавзеи доманакӯҳҳои Қарсанбулоқи деҳаи Коммунизм, Ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ бо бародарон Наим, Раҳим, Шоназар Наибовҳо ва Т. Додарбеков вориди муноқиша мешаванд. Баъдан маҳкумшудагон дар пайи хусумати қаблии худ дар ҳамин мавзеъ Ш.Наибовро лату кӯб намуда, ба ӯ зарари вазнини ҷисмонӣ мерасонанд.
Дар идомаи амали ҷинояткоронаи худ Бадалиевҳо нақшаи куштори Т. Додарбековро, ки тахминан дар масофаи 400 метр аз онҳо қарор дошт ва ба нигоҳубини чорвои худ машғул буд, тарҳрезӣ менамоянд. Бо ин мақсад ба назди ӯ рафта, шадидан лату кӯб мекунанд, ки дар натиҷа ба ҳалокат мерасад.
Баъд аз тафтишоти пешакӣ, ки аз ҷониби прокуратураи вилоят анҷом ёфт, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ин ҳодиса ба суд ирсол гардида, бо ҳукми коллегияи судии вилояти Хатлон, Ф. Бадалиев ба муҳлати  27  сол, И. Бадалиев ва Ҷ. Бадалиев ба муҳлати 25 солӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд.

ПОРА декани факултетро ба курсии айбдорӣ шинонд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ҳабибулло Салимов, декани факултети омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимовро баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намуд.

Бино ба иттилои сомонаи агентӣ, Ҳабибулло Салимов ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 5000 сомонӣ аз шаҳрванд «А» дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст. Номбурда ин маблағро барои дохил намудани як шиноси ин шаҳрванд ба гурӯҳи буҷетии коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ талаб намуда, зимни боздошт маблағи 5000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2017    №: 220    Мутолиа карданд: 1756
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед