logo

муҳоҷират

Сафиаллоҳ Девонаев: «Ба Арабистони Саудӣ танҳо ба хотири кор меравем»

Тайи солҳои охир муносибатҳои ҳасана миёни Тоҷикистон ва кишварҳои араб ба таври чашмрас рӯ ба инкишофанд. Бахусус, равобити ҷумҳурӣ бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар сатҳи баланд қарор дорад. Далели ин сафари порсола ва 21-23 майи соли ҷории ҳайатҳои Арабистони Саудӣ бо роҳбарии Саъд Наҳор ал-Бадаҳ, раиси Комиссияи миллӣ оид ба кор таъминкунии коргарони хориҷии Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Арабистони Саудӣ ва Абдураҳмон ибни Алӣ ал-Ҷирайсӣ, муовини раиси Шӯрои палатаи Арабистони Саудӣ, раиси Палатаи савдо ва саноати Ар-Риёз, буд, ки дар доираи онҳо мулоқоти соҳибкорони тоҷику саудӣ баргузор гардида, чанд санади муҳими ҳамкорӣ имзо шуд.
Чанде пеш дар шаҳри Ар- Риёзи Арабистони Саудӣ миёни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба бо кор таъминкунии коргарони хориҷии Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Роҷеъ ба мӯҳтавои санади мазкур ва натиҷаҳои сафари ҳайати корӣ, ки бо супориши Ҳукумати кишварамон сурат гирифт, Муҳаммадзоиршо Шарифзода, хабарнигори «Ҷумҳурият», бо Сафиаллоҳ Девонаев, сардори хадамоти мазкур, сӯҳбате анҷом дод.

-Мӯҳтарам Сафиаллоҳ Азизуллоевич, бигӯед, ки ҳадаф ва аҳамияти Ёддошти тафоҳум аз чӣ иборат аст? Шумо зарурати ба имзо расидани онро дар чӣ мебинед? 
-Имрӯз яке аз масъалаҳои хеле муҳими ҷомеаи Тоҷикистон таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор дар дохил ва хориҷи кишвар аст. Аз ин ҷост, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ин масъала таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Қариб дар тамоми сафарҳои Сардори давлат ба кишварҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои баррасишаванда дар сатҳи роҳбарони сатҳи олии давлатҳо ин ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва таъмини муҳоҷирони кории тоҷик бо ҷойҳои кори хуб мебошад. Заминаи ба имзо расидани ин Ёддошти тафоҳум низ саъю кӯшишҳои бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ зимни сафар ва мулоқотҳояш бо роҳбарият ва ҳайатҳои воломақоми Арабистони Саудӣ аст.       
Пас аз ташрифи ҳайати гурӯҳи намояндагони Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии Саъд Наҳор ал-Бадаҳ моҳи июни соли 2008 ба шаҳри Душанбе ҷиҳати омӯзиши бозори меҳнат ва ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ масъалаи ба имзо расидани чунин санад ба миён омад. Баъди омӯзиши чандинкаратаи шарту шароити кор ва зисту зиндагонии муҳоҷирон дар Арабистони Саудӣ аз тарафи кормандони хадамоти мо ва вазъи бозори меҳнати Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони саудӣ мо дар ҳайати гурӯҳи корӣ озими шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ гардида, ба Ёддошти тафоҳум имзо гузоштем. Ҳадафи санад таъмини шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Арабистони Саудӣ бо ҷойи кори шароити хубдошта ва густариши равобити иқтисодию тиҷоратии ҳарду давлат аст.
-Ҳангоми таҳия ва баррасии Ёддошти тафоҳум кадом бартариҳо ва хусусиятҳо ба инобат гирифта шуданд?
-Яке аз масъалаҳои асосие, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин даъвати коргарзанҳо ба Арабистони Саудӣ буд. Дар ин хусус бо назардошти урфу одати ниёгон  ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки коргарзанони тоҷик танҳо ҳамроҳ бо шавҳарони худ метавонанд ҳамчун муҳоҷири корӣ ба ин кишвар сафар намоянд. Ин масъала аз ҷониби Арабистони Саудӣ ҳалли мусбати худро пайдо кард. 
Инчунин, бо назардошти аҳамияти омӯзиши урфу одат ва анъанаҳои миллии ин кишвар барои мардон ва заноне, ки бо мақсади кор ба Арабистони Саудӣ мераванд, ҳайати комиссияи Саудӣ масъалаи ташкили курсҳои таълими забон ва урфу одати мардуми арабро дар кишвари мо зарур дониста, таъсиси онҳоро ба зимма гирифт. Ҳамзамон, ба масъалаҳои даъвати муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва муҳайё сохтани шароити иҷтимоиву ҳуқуқӣ диққати махсус дода шуд.
-Тартиби фиристодани муҳоҷирон чӣ гуна сурат мегирад?
-Тибқи Ёддошти тафоҳум бо худ доштани шартномаи корӣ ҳамроҳ бо раводиди корӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои кор ба Арабистони Саудӣ меоянд, ҳатмӣ аст. Дар ин ҳуҷҷатҳо касбу кор, соатҳои корӣ, маош ва мӯҳлати кор зикр карда мешаванд, ки он кафолатномаи батанзимдарорандаи муносибатҳо миёни корфармо ва корҷӯ ба ҳисоб меравад. Ин ба муҳоҷирони корӣ дар ҳама ҳолат имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои худро ҳифз намоянд.
Маоши муҳоҷирони тоҷик низ дар як сатҳ бо муҳоҷирони кишварҳои дигар пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми музди кори онҳо аз рӯйи маҳорати касбиашон муайян мегардад.
- Дар Арабистони Саудӣ ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон чӣ тавр сурат мегирад?
-Тавре ки муовини вазири кори Арабистони Саудӣ Саъд ал-Баворидӣ зимни мулоқот изҳор дошт,  дар Арабистони Саудӣ миёни шаҳрвандони саудӣ ва муҳоҷирони кории мусулмон, аз кадом кишваре ки бошанд, фарқ гузошта намешавад. Ҳуқуқ  ва манфиатҳои коргарони хориҷӣ аз ҷониби муассисаҳои махсуси қонунгузор ҳимоя гардида, дар сурати сар задани масъалаҳои баҳсталаби молӣ онҳо аз ҷониби мақомоти махсус баррасӣ мешаванд. Бояд гуфт, ки қонунҳои амалкунандаи Арабистони Саудӣ дар асоси қонунҳои шариат ва қонунҳои байналмилалӣ танзим шудаанд.
-Лутфан бигӯед, ки ин кишвар бештар ба кадом мутахассисон ниёз дорад?
-Аз рӯи маълумотҳое, ки масъулони Арабистони Саудӣ ба мо пешкаш карданд, имрӯз ба мутахассисони беш аз 200 ихтисос, аз ҷумла соҳаи тиб, савдо, сохтмон, муҳандисони компютер, ронанда, тарроҳ, ороишгари манзил,  кормандони соҳаи хидмати маишӣ (бахусус соҳаи савдо) ва монанди инҳо ниёз дорад.
Бояд гуфт, ки яке аз талабҳои асосӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ донистани забонҳо, хусусан забони арабӣ ва англисӣ, аст. Масалан, тамоми анвои доруворӣ дар соҳаи тиб дар ин кишвар пурра ба забони англисӣ мебошад. Инчунин, аксар вақт муошират дар соҳаи хизматрасонӣ ба забони англисӣ сурат мегирад.
-Дар ин мамлакат чӣ қадар муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият дорад?
-Дар Арабистони Саудӣ зиёда аз 7 миллион муҳоҷири меҳнатӣ машғули кор аст. Онҳо шаҳрвандони Индонезия, Таиланд, Ҳиндустон, Филиппин, Чин, Ветнам ва Украина мебошанд. Аксари табибони муҳоҷир аз Украинаанд.
Тоҷикистон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Украина давлати дуюм аст, ки дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бо Арабистони Саудӣ шартнома бастааст.
-Оё шаҳрвандон метавонанд бо истифода аз имконоти хадамот ба хотири адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд?
-Мо дар рафти гуфтушунидҳо масъалаи адои ҳаҷи шаҳрвандонро баррасӣ накардем, чунки ин кор ба салоҳияти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ вогузор шудааст. Мақсади мо танҳо муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Дар мавриди адои ҳаҷ бошад, шаҳрвандон метавонанд бевосита ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд.
-Аввалин муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кай ба ин мамлакат сафар мекунанд?
-Бо Саъд Наҳор ал-Бадаҳ, раиси комиссияи миллӣ оид ба бо кор таъминкунии Шӯрои Палатаи савдо ва саноати ин мамлакат, ба қароре омадем, ки дар аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатӣ доир намуда, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишро таъсис диҳем. Дар назар аст, ки аввалин муҳоҷирони меҳнатии тоҷик охири соли равон ва оғози соли 2010 ба Арабистони Саудӣ фиристода шаванд. Онҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанианд, метавонанд бо телефонҳои 233-07-09, 233-09-94 ба мо занг зананд. Мо дар хусуси фиристодани садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ ба мувофиқа расидаем.    
-Аз сафар чӣ таассурот гирифтед?
-Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта буда, дорои захираҳои бойи нафту газ мебошад. Мо бо ин кишвари дӯст урфу одати ба ҳам монанд дорем ва инро худи саудиҳо низ иқрор мешаванд. Саъд Наҳор ал-Бадаҳ мӯътақид бар он аст, ки урфу одат ва анъанаҳои мардуми тоҷик  ба мардуми онҳо қаробат дорад. «Ҳангоми сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мо худ шоҳиди он будем, ки мардуми тоҷик то чӣ андоза меҳнатдӯст аст. Вақте ки инсон меҳнатдӯст аст, дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро низ доро мебошад ва ин хеле муҳим аст», -гуфта буд ӯ.
Пазироии гарме, ки аз мо карданд, далели гуфтаҳои болост. Ин самимият дар ҳар як вохӯриву мулоқот бо намояндагони онҳо эҳсос мегардид.
Чизи дигаре ки диққати моро ҷалб намуд, истифодаи васеи фурӯзонакҳои каммасраф буд. Дар шаҳрҳои Ар-Риёз, Тоиф, Макка, Мадина ва ҳар як сохтору муассисаҳои давлатие, ки мо будем, саросар аз чароғҳои камхарҷ истифода мекарданд ва ин бори дигар сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакати мо Эмомалӣ Раҳмонро дар самти истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф дар ҷумҳурӣ собит месозад.
Имзои Ёддошти тафоҳум қадами аввалин ҷиҳати густариши муносибатҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ буд ва ин ҳамкориҳо баҳри танзими раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум мусоидат хоҳад кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3331
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед