logo

ҳуқуқ

ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ. ҶАВОНОНРО АЗ ГАРАВИШ ЭМИН ДОРЕМ!

Ифротгароӣ аз ҷумлаи воқеиятҳои даҳшатноки ҷаҳони муосир буда, оқибатҳои фалокатбори он сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, дар баъзе аз кишварҳо бар асари содир гардидани амалҳои террористӣ садҳо нафар мардуми осоишта ба ҳалокат мерасанд. Ин ҳама натиҷаи пайравӣ аз равия ва афкору омоли ифротгароёнаи  гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва амсоли инҳо  мебошад.
Тоҷикистон дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи тамаддунҳои азимтарини дунё қарор дорад. Мусаллам аст, ки ҷараёнҳои ифротӣ саъй мекунанд, то идеологияи харобиовари худро дар давлати навбунёди мо пиёда созанд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони кишварамон, аз ҷумла аз шаҳри Ваҳдат низ,  ба доми фиреби ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, рӯзгори осудаву ором, Ватани ободу шукуфон, падару модар ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, ба онҳо пайвастаанд. Ва ҷои пинҳон нест, онҳое, ки ба доми гурӯҳҳои иртиҷоӣ афтодаанд, дониши казоӣ надоранд ва аз фармудаҳои дини мубини Ислом низ фарсахҳо дуранд. Муҳаммади Ҳиҷозӣ мефармояд: «Ҷавонони саргашта ва ошуфта хонаводаро мегузоранд ва аз ину аз он… таманнои меҳру муҳаббати бериё мекунанд, ғофил аз онанд, ки он чӣ меҷӯянд, дар дили падару модар ва дар хонавода асту бас». Афсӯс, ки ҷавонони кӯтоҳандеш ин ҳикматро сарфи назар мекунанду худро ба вартаи ҳалокат меафкананд.
Табиист, ки ҷомеаи мо наметавонад нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб бетараф бошад ва тамоми саъю кӯшиши хешро ба он равона месозад, ки   пеши роҳи ин ҷараёни хатарнок гирифта шавад. 
Дар иртибот ба ин масъала, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, мавзӯи мазкур ҳанӯз 25 декабри соли 2015 дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр таҳлилу баррасӣ гашта, қарори дахлдор қабул шуд.
Баҳри татбиқи қарор, дар шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби кормандони масъул, фаъолону зиёиён чор гурӯҳи корӣ ташкил шуда, роҳбарии гурӯҳҳоро муовинони раиси шаҳр ба уҳда доранд. Гурӯҳҳои корӣ аз рӯи нақшаи тасдиқшуда бо сокинони деҳаву маҳаллаҳои 11 ҷамоати шаҳраку деҳот ва 10 минтақаи маркази шаҳр мудом вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор менамоянд.
Дар баробари ин, ҷиҳати фаҳмондадиҳии оқибатҳои нохуши гаравиши аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки аз нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба гузарондани вохӯриҳо бо аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маркази шаҳр ва муассисаҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст. Дар асоси он, аз ҳисоби бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонону варзиш, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, раёсати маориф дар ҳамбастагӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ 22 гурӯҳи корӣ ташкил шуда,  мунтазам миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро доир менамоянд. Натиҷаи чунин тадбирҳо буд, ки таий ин солҳо вазъ дар ин самт беш аз пеш беҳтар мегардад.
Мо, аҳли ҷомеа, бояд бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамеша дар муборизаи шадиди идеологӣ қарор дошта бошем ва  нагузорем, ки душманони давлату миллат вазъро ноорому ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат тамоми қувваю ғайрат ва дониши хешро равона созем. Зеро таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш, оромиву суботи сиёсии кишвар шоҳпулест, ки моро ба қуллаи умеду орзуҳо ва рӯзгори ободу пурнишот мерасонад. 
Хоҷазода ФАРЗОНА,
муовини раиси шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2017    №: 225    Мутолиа карданд: 1762
27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

РӮЗҲОИ СИНАМО ДАР ТОШКЕНТ

16.09.2022


ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ ҶАШНӢ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

15.09.2022


Сарвазири мамлакат дар ҷаласаи СААД иштирок намуд

Суҳбати телефонии Путин бо Шолс

Ҷаҳон дар як сатр

СҲШ. САМАРҚАНД МЕҲМОНОНРО БО ШОҲКОРИИ НАВ ИСТИҚБОЛ МЕГИРАД

13.09.2022


Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед