logo

ҳуқуқ

МАШҚҲОИ МУШТАРАК ДАР ГАРНИЗОНИ ХАТЛОН

Дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон» - и Гарнизони Хатлон машқҳои муштараки амалиётӣ - стратегии Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ шурӯъ гардид, ки то 20 ноябри соли равон идома хоҳад ёфт.

Аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар иттилоъ доданд, ки илова бар ин, дар асоси қарори дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии Тоҷикистону Русия дар машқгоҳҳои ҳарбии «Сумбула», «Лоҳур», «Ҳомиён» ва минтақаҳои наздисарҳадии «Ҳалқаёр ва «Ҷайралӣ», бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Русия машқҳои баталёнӣ - тактикӣ пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи нақша дар доираи баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ, гурӯҳҳои амалиётии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СААД ва интиқоли теъдоди неруҳои муайяншудаи Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон муҷаҳҳаз бо силоҳу техникаҳои зиреҳпӯш, захираи лавозимоти ҷангӣ ва дигар дастгоҳу маводи зарурӣ, тавассути ҳавопаймоҳои ҳарбиву нақлиётӣ ва роҳпаймоии маршӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Машқҳои муштарак дар се марҳала ба нақша гирифта шуда, ба он, дар маҷмӯъ, беш аз панҷ ҳазор ҳайати шахсӣ ҷалб мегардад. Ҳамзамон, дар ин размоиши муштараки васеи низомӣ 64 адад авиатсияи мухталифи ҷангӣ, зиёда аз 1500 техникаи гуногуни зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва автомобилӣ, силоҳу муҳимоти дигари ҳарбӣ истифода мешавад. Гузашта аз ин, дар даври ниҳоии машқҳои муштарак зарбаҳои шадиди маҷмӯи мушакҳои амалиётӣ - стратегии Искандар - М пешбинӣ гардидааст.
Ҳадаф аз баргузории машқҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, мукаммалгардонии сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, тарҳрезии назару муносибати ягонаи кории мақомоти идории ҳарбии кишварҳои аъзо дар ташкили амалиёти муштараки зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳистон, бо усули ягона идора кардани Ситоди муштараки муттаҳидаи қӯшунҳо, таъмини бехатарӣ дар минтақа ва табодули таҷриба дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиро дар бар мегирад.
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2017    №: 230    Мутолиа карданд: 1463
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед