logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

9 декабр миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дорис Лойтҳард ба муносибати 25 - умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дорис Лойтҳард, аз ҷумла, омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ!
Сарфарозам Шуморо ба муносибати 25 - мин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария самимона табрику таҳният гӯям.
Боиси қаноатмандист, ки тайи давраи сипаришуда байни кишварҳои ба ҳам дӯсти мо дар пояи ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми ҳамдигар муносиботи ҳамкориҳои дар воқеъ ҳам ҳасанаи байнидавлатӣ ташаккул ёфта, хислати рушди зина ба зинаро касб кардаанд ва имрӯз дар марҳалаи тавсеаи минбаъдаи худ қарор доранд.
Мо кишвари Швейтсарияро шарики боэътимод ва муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ дониста, аз дастгириву мусоидати пайвастаи Ҳукумати он дар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон сидқан сипосгузорем.
Ҷониби Тоҷикистон густариши бемайлони ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди худро бо Швейтсария ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии хеш медонад ва мо ҳамеша омодаем, ки баҳри таҳкими минбаъдаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо саъю талошҳои зарурӣ ба харҷ диҳем.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳатии комилу саодатмандӣ ва пирӯзиҳои навин, ба мардуми дӯсти Швейтсария  хушрӯзиҳои минбаъда ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».

Дар барқияи табрикии Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дорис Лойтҳард ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати 25 - умин солгарди муносибатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария, мехоҳам барои робитаҳои дӯстии босубот байни халқҳоямон изҳори сипос кунам.
Дар баробари рушди мусбати робитаҳои дуҷониба дар 25 соли сипаригардида мехоҳам, ҳамчунин, ба ҳамкориҳои бомуваффақиятамон дар доираи муассисаҳои Бретон - Вудс ишора намоям.
Швейтсария ва Тоҷикистон ҳамчун кишварҳои кӯҳӣ, ки новобаста аз захираҳои бойи об ба роҳҳои баҳрӣ дастрасӣ надоранд, ба идоракунии босуботи захираи обҳои фаромарзӣ ва истифодаи он баҳри некуаҳволии ҳамагон, ҳамчунин, ба сатҳи ҳамкориҳои зичи худ дар ин ҷода, баҳои баланд медиҳанд.
Изҳори умед менамоем, ки ҷаҳду талошҳои муштараки мо баҳри татбиқи ташаббуси «Сулҳи нилгун дар Осиёи Марказӣ» ба рушди муколамаи ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масоили марбут ба об ва чолишҳои муҳити зист мусоидат хоҳанд кард.
Дар рӯҳияи дӯстӣ ба Шумо ва халқи тоҷик тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Иҷозат фармоед, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми худро таҷдид намоям».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2017    №: 251    Мутолиа карданд: 1167
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед