logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАFЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛУ МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ ВА МАШРУБОТ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, мод. 147; с. 1998, №10, мод. 74; с. 2002, № 4, қ.1, мод. 179, мод. 188; с. 2007, № 6, мод. 434, мод. 437; с. 2012, № 7, мод. 722) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.».
2. Моддаи 21 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 21. Амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбат ба машруботе, ки шахси воқеӣ на барои фурӯш истеҳсол кардааст ё спирти этилие, ки шахси ҳуқуқӣ, ё шахсони ҳуқуқӣ дар асоси шартнома аз ашёи хоми гуногун истеҳсол карда, онро дар ҷараёни технологӣ ҳангоми тайёр кардани маҳсулоти ғайримашруботӣ истифода мебаранд, татбиқ намегардад.».
3. Дар қисми якуми моддаи 3:
- дар сархати дуюм калимаи «акцизи» ба калимаи «аксизи» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаҳои «лицензиядиҳӣ» ва «лицензиякунии» мувофиқан ба калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ» ва «иҷозатномадиҳии» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми якуми моддаи 5 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
5. Дар сархати сеюми қисми якуми моддаи 6 калимаи «акцизи» ба калимаи «аксизи» иваз карда шавад.
6. Дар қисми якуми моддаи 7 калимаҳои «ашхоси юридикие» ба калимаҳои «шахсони ҳуқуқие» ва калимаи «лицензияҳои» ба калимаи «иҷозатномаҳои» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 9:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «Акцизи», «акциз» ва «акцизи» мувофиқан ба калимаҳои «Аксизи», «аксиз» ва «аксизи» иваз карда шаванд;
- дар қисми якум калимаи «қонунҳои» ба калимаи «қонунгузории» иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 12:
- дар қисми якум калимаи «лицензия» ба калимаи «иҷозатнома» иваз карда шавад;
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Фурӯши машрубот танҳо дар ҷойҳои муайянкардаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда мешавад.»;
- дар қисми сеюм:
- дар сархати сеюм калимаи «ашхоси» ба калимаи «шахсони» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаи «акцизӣ» ба калимаи «аксизӣ» иваз карда шавад;
- дар қисми чорум калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо)» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 13:
- дар қисми чорум калимаи «лицензия» ба калимаи «иҷозатнома» иваз карда шавад;
- аз қисми панҷум калимаҳои «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд.
10. Дар моддаи 14:
- дар қисми якум:
- дар сархати сеюм калимаи «лицензияҳои» ба калимаи «иҷозатномаҳои» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаи «акцизӣ» ба калимаи «аксизӣ» иваз карда шавад.
- қисми дуюм хориҷ карда шавад.
11. Моддаи 15 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1499


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар  бораи  қабул  кардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид  ба  ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи  танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти  этилӣ ва машрубот»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2017, № 877

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 482


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2018    №: 5-6    Мутолиа карданд: 882
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед