logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 7, мод. 653) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз муқаддима, қисми 2 моддаи 1 ва матни моддаҳои 3 ва 4 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар номи моддаи 2, ном ва матни моддаи 7, қисми 1 моддаи 8, қисми 1 моддаи 9 ва сархати дуюми қисми 1 моддаи 13 калимаҳои «марзиву маъмурии» ва «марзиву маъмурӣ» мувофиқан ба калимаҳои «маъмурию ҳудудии» ва «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар сархати дуюми моддаи 3 калимаи «намяондагони» ба калимаи «намояндагони» иваз карда шавад.
4. Дар қисми 2 моддаи 5 калимаҳои «(ҷамоат)» ва «худидораи» мувофиқан ба калимаҳои «(Ҷамоат)» ва «худидоракунии» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 7 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 9:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба калимаҳои «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» иваз карда шаванд;
- аз қисми 1 калимаҳои «ин мақомот» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми 2 калимаи «инвеститсияи» ба калимаи «сармоягузории» иваз карда шавад.
7. Дар номи моддаи 10 калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба калимаҳои «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» иваз карда шаванд.
8. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 11, сархати якуми қисми 3 моддаи 12, сархати дувоздаҳуми қисми 1 моддаи 13 ва сархати шашуми моддаи 18 калимаи «кӯмаки» ба калимаи «кумаки» иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 12:
- дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 калимаҳои «дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ» ба калимаҳои «дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ» иваз карда шаванд;
- аз сархати сеюми қисми 3 калимаҳои «, аз ҷумла ҷарима, пушаймона, ноустуворона, ҷубронпулӣ ва ғайра» хориҷ карда шаванд.
10. Дар моддаи 13:
- дар қисми 3 калимаи «тағйироту» ба калимаи «тағйиру» иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои «дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ» ба калимаҳои «дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ» иваз карда шаванд.
11. Моддаи 191 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 191. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1493

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 11 октябри соли 2017, № 897

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»
Маҷлиси миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 474


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2018    №: 5-6    Мутолиа карданд: 839
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед