logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии  Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, с. 2013, № 3, мод. 177) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонуни конститутсионӣ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
2. Дар муқаддима, номи бобҳои 2, 3, 4, 5, моддаҳои 1, 2, 3, 4, 6, 8, 9, 10, 11, 12, 14, 18, 19, 22, 23, 25 ва 26 калимаҳои «МАРЗИВУ МАЪМУРӢ», «марзиву маъмурӣ», «марзиву маъмуриро», «марзиву маъмурии» ва «марзиву маъмурие» ба калимаҳои «МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ», «маъмурию ҳудудӣ», «маъмурию ҳудудиро», «маъмурию ҳудудии» ва «маъмурию ҳудудие» иваз карда шаванд.
3. Ба матни моддаи 1 пас аз калимаи «Қонуни» калимаи «конститутсионии» илова карда шавад.
4. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
5. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 6 калимаҳои «вазъи ҳуқуқии» ба калимаи  «мақоми» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 7 калимаи «мамнӯъгоҳҳо» ба калимаи  «мамнуъгоҳҳо» иваз карда шавад.
7. Дар номи моддаи 8 ва қисми 4 моддаи 23 калимаҳои «марзӣ» ва «марзи» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудудӣ» ва «ҳудуди» иваз карда шаванд.
8. Сархати якуми моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- таъсис, тағйир, барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, муқаррар намудани маркази маъмурӣ ва ба ҷои дигар кӯчонидани онҳоро муайян менамояд;».
9. Дар матни моддаи 12 калимаи «ҷамоат» ба калимаи  «Ҷамоат» иваз карда шавад.
10. Дар ном, сархатҳои панҷум ва шашуми банди 2, сархатҳои чорум ва панҷуми банди 3, сархати шашуми банди 4, сархатҳои панҷум ва шашуми банди 5, сархатҳои дуюм ва чоруми банди 6, сархатҳои сеюм, чорум ва панҷуми банди 7, сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашуми банди 8, сархати ҳафтуми банди 9, сархатҳои чорум, шашум ва ҳаштуми банди 10 ва ном, сархатҳои сеюми зербандҳои сеюм ва чоруми банди 11 замима ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «марзиву маъмурӣ», «марзиву маъмурие», «ҷамоати» ва «қаламрави» мувофиқан ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ», «маъмурию ҳудудие», «Ҷамоати» ва «ҳудуди» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                                                     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1492

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 октябри соли 2017, № 929

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
 
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 473


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2018    №: 5-6    Мутолиа карданд: 985
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед