logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҲСОНКОРӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод.148) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима ва қисми дуюми моддаи 8 калимаҳои «маҳаллӣ» ва «ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
-  номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ»;
-  аз матни модда калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар банди дуюм, сархатҳои якум ва дуюми банди чорум ва  банди нуҳуми моддаи 2 калимаҳои «барпо», «обектҳои», «ифодакунии» ва «ба тартиби» мувофиқан ба калимаҳои «ташкил», «объектҳои», «ихтиёрдории» ва «бо тартиби» иваз карда шаванд.
4. Дар сархатҳои сеюм ва сездаҳуми моддаи 3 калимаҳои «бачаҳое», «бачагона», «бачагонро», «пенитенциарӣ (ислоҳотӣ)» ва «маҳкумон» мувофиқан ба калимаҳои  «кӯдаконе», «кӯдакона», «кӯдаконро», «ислоҳӣ» ва «маҳкумшудагон» иваз  карда шаванд.
5. Қисми якуми моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд фаъолияти эҳсонкориро бемонеа дар асоси ихтиёрӣ ва озодии интихоби ҳадафҳо барои манфиатҳои умумӣ ба амал бароранд.».
6. Дар номи боби 2 калимаи «ТАШКИЛДИҲӢ» ба калимаи «ТАЪСИС» иваз карда шавад.
7. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 «Моддаи 9. Таъсиси ташкилоти эҳсонкорӣ
Ташкилоти эҳсонкорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад.
Ташкилоти эҳсонкорӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисшуда ба ҳисоб рафта, шахси ҳуқуқӣ ба шумор меравад.».
8. Дар қисми дуюми моддаи 12 калимаҳои «барпо кардани» ба калимаи «таъсиси» иваз карда шаванд.
9. Дар қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 15 калимаҳои «қаламрави», «тасдиқ шуда», «баланси» ва «бовариномае» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди», «тасдиқгардида», «тавозуни» ва «ваколатномае» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 17:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «Манбаҳои» ва «манбаҳое»  ба калимаҳои «Манбаъҳои» ва «манбаъҳое» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «лотореяҳо, ауксионҳо» ба калимаҳои «лотереяҳо, музоядаҳо» иваз карда шаванд.
11. Дар қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 21 калимаҳои «ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
12. Дар қисми чоруми моддаи 23 калимаҳои «шаҳрвандони бетабаа» ба калимаҳои «шахсони бешаҳрванд» иваз карда шаванд.
13. Дар ном ва матни моддаи 24 калимаҳои «шаҳрвандони бетабаа» ва «қаламрави» мувофиқан ба калимаҳои «шахсони бешаҳрванд» ва «ҳудуди» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1491


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе,  29 ноябри соли 2017, № 953

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 472


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2018    №: 5-6    Мутолиа карданд: 892
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед