logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ОБИ НӮШОКӢ ВА ТАЪМИНИ ОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, № 12, қ.1, мод. 829) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар сархати ҳафтуми моддаи 1 калимаи «фермерӣ» ба калимаҳои «деҳқонӣ (фермерӣ)» иваз карда шавад.
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 4:
- дар сархати сеюм калимаи «салоҳияти» ба калимаи «ваколатҳои» иваз карда шавад;
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бехатарӣ ва боэътимодии таъмини оби нӯшокӣ;»;
- дар сархати чорум калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 5:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«-татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ;»;
- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- татбиқи сиёсати ягонаи нархгузорӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ;».
6. Дар моддаи 6:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «Салоҳияти», «салоҳияти» ва «мешавад» мувофиқан ба калимаҳои «Ваколатҳои», «ваколатҳои» ва «мешаванд» иваз карда шаванд;
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад;
«- таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва иштирок дар татбиқи он;»;
- аз сархати ҳафтум калимаи «санҷишҳои» хориҷ карда шавад;
- дар сархати ёздаҳум калимаи «таърифҳои» ба калимаи «тарифҳои» иваз карда шавад.
7. Дар ном ва қисми якуми моддаи 7 калимаҳои «Салоҳияти», «салоҳияти» ва «мешавад» мувофиқан ба калимаҳои «Ваколатҳои», «ваколатҳои» ва «мешаванд» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 9:
- дар қисми 1 калимаи «объектҳои» ба калимаи «иншооти» иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаи «зарурати» ба калимаи «зарурии» иваз карда шавад.
9. Ба қисми 4 моддаи 10 пас аз калимаи «идоракуниро» калимаҳои «бо тартиби муқарраргардида» илова карда шаванд.
10. Дар қисми 2 моддаи 12 калимаи «салоҳиятдор» ба калимаи «ваколатдор» иваз карда шавад.
11. Дар матни моддаи 14 калимаҳои «кредитӣ» ва «мешавад» мувофиқан ба калимаҳои «қарздиҳӣ» ва «мешаванд» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 15:
- дар қисми 3 калимаҳои «оббозикунӣ (пляжҳо)» ба калимаи «оббозӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи «салоҳияти» ба калимаи «ваколатҳои» иваз карда шавад.
13. Дар моддаи 17:
- дар қисми 3 калимаи «нӯшоки» ба калимаи «нӯшокии» иваз карда шавад;
- дар қисми 6 калимаи «объектҳои» ба калимаи «иншооти» иваз карда шавад.
14. Дар моддаи 18:
- дар қисми 5 калимаи «маҷмӯъи» ба калимаи «маҷмӯи» иваз карда шавад;
- ба қисми 6 пас аз калимаи «экологӣ» калимаҳои «дар манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1483

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 18 октябри соли 2017, № 914

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 464


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2018    №: 5-6    Мутолиа карданд: 863
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед