logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» аз 29 декабри соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, № 12, қ.1, мод. 825) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати якум калимаҳои «хоҷагии қишлоқ» ба калимаи «кишоварзӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаҳои «шахсони ҳуқуқие» ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие» иваз карда шаванд;
- сархатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- ҷинсҳои таҳдоб (асос) - ҷинсҳое, ки асоси иншооти гидротехникӣ аз онҳо таркиб ёфта, шароитҳои воқеии гидрогеологӣ, микроиқлимӣ ва хосиятҳои физикию техникии сатҳи поёнии иншооти мазкурро инъикос менамоянд;
- объектҳои обӣ – ҳавзи табиӣ ё сунъӣ, обрав ё объекти дигар, ки дар онҳо ҷамъшавии доимӣ ё муваққатии об шакл ва аломатҳои хоси реҷаи обӣ дорад;».
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 4:
 - дар сархати сеюм калимаи «муқаррар» ба калимаи «муайян» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаҳои «муқаррар», «мақомоти ваколатдори давлатӣ» ва «мақомоти давлатӣ» мувофиқан ба калимаҳои «муайян», «мақоми ваколатдори давлатӣ» ва «мақоми давлатӣ» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 5:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ»;
- дар матни модда калимаҳои «Салоҳиятҳои мақомоти давлатӣ» ба калимаҳои «Ваколатҳои мақоми давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои «иншоотҳои обӣ» ба калимаҳои «объектҳои обӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаҳои «вайрон шудани» ба калимаҳои «риоя накардани» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаи «огоҳ» ба калимаҳои «сари вақт огоҳ» иваз карда шавад.».
5. Дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 9 калимаҳои «иншоотҳои обӣ» ба калимаҳои «объектҳои обӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 11 калимаҳои «тибқи қоидаҳои моддаи мазкур» ба калимаҳои «тибқи талаботи ҳамин модда ва» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 12:
- дар қисми 2 калимаи «Салоҳиятҳои» ба калимаи «Ваколатҳои» иваз карда шавад;
- дар қисми 5 калимаҳои «тибқи қоидаҳои» ба калимаҳои «бо тартиби» иваз карда шаванд.
8. Дар ном ва матни моддаи 15 калимаҳои «вайрон кардани» ба калимаҳои «риоя накардани» иваз карда шаванд.
9. Номи Боби 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«БОБИ 5. РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТ ОИД БА БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ»
10. Дар моддаи 18:
- ном ва матни модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 18. Риоя накардани талабот оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
Риоя накардани талабот оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ аз инҳо иборат мебошанд:»;
- дар сархати чорум калимаҳои «вайрон кардани» ба калимаҳои «риоя накардани» иваз карда шаванд;
- ба сархати панҷум пас аз калимаи «таҳдоб» калимаи «(асос)» илова карда шавад.
11. Моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1500


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 11 октябри соли 2017, № 895


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017,  № 483


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2018    №: 5-6    Мутолиа карданд: 928
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед