logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон ба муносибати 25 - умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон омадааст:
«Муҳтарам Игор Николаевич!
Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати санаи муҳим дар таърихи муосири муносиботи Тоҷикистон ва Молдова – 25 - солагии истиқрори равобити дипломатӣ байни кишварҳоямон табрик мегӯем.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Молдова дар асоси дуҷониба ва ҳам дар чорчӯбаи сохторҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавӣ хислати рушди пайгиронаро доштанд.
Изҳори итминон менамоям, ки бо такя ба таҷрибаи андӯхташудаи мусбат, равобити байнидавлатии ду кишвар дар маҷрои манфиатҳои аслии мардумонамон минбаъд низ тавсеаву таҳким хоҳанд ёфт.
Муҳтарам ҷаноби Президент, ба Шумо сиҳатмандии комилу комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатиатон ва сулҳу созгорӣ ва рифоҳ ба мардуми дӯсти Молдова таманно менамоям».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Шуморо сидқан бо 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Молдова ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.
Тайи солҳои сипаригашта кишварҳои мо ба хотири тавсеаву таъмиқи ҳамкориҳои байнидавлатӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва муколамаи созанда рушд меёбанд, кори зиёдеро анҷом доданд.
Бо истифода аз фурсати фароҳамшуда мехостам изҳори итминони комил намоям, ки муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва шарикии баробарҳуқуқи миёни кишварҳоямон минбаъд низ дар самтҳои гуногун бомуваффақият рушд хоҳанд кард.
Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон дастовардҳои намоёни навин ва ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу ризоият ва шукуфоӣ орзумандам».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2018    №: 21    Мутолиа карданд: 1072
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед