logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

26 январ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба муносибати 25 - умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов омадааст:
«Муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич!
Дар иртибот ба санаи барои кишварҳои мо ва мардумонамон муҳим – 25 - солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ  бо камоли масаррат ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.
Боиси хушнудист, ки тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар дар ҳолати рушди бемайлон дар шаклҳои гуногуни ҳамшарикӣ қарор доштанд.
То имрӯз заминаи боэътимоди ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба фароҳам оварда шуда, афзорҳои пешбурди самараноки онҳо эҷод гардидаанд, миёни кишварҳои мо муколамаи доимии гуногунсатҳи сиёсӣ ба роҳ монда шудааст, ки доираи васеи масъалаҳои мубрами шомили рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро фаро мегирад.
 Натиҷаҳои муассири тайи чоряк аср ба шарофати саъю талошҳои муштарак бадастомада ба мо имкон доданд, ки муносибатҳои байнидавлатиамонро то сатҳи шарикии стратегӣ боло барем.
Мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон  дар ин маҷро итминони комил дорем ва омодаем, ки дар якҷоягӣ ҷиҳати боз ҳам пурратар ба кор гирифтани иқтидори бузурги созандаи онҳо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон тамоми тадбирҳои заруриро андешем.  
Ба Шумо, муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич, сиҳатмандии комил, хушрӯзӣ ва комёбиҳои ҷадид дар масири таъмини шукуфоии мардуми дӯсти Туркманистон орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин, аз номи хеш сарфарозам ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишвари Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ба муносибати 25 - умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоям.
Дар овони баъд аз оғози робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва шарикии барои ҷонибҳо судманд рушди фаъол доштанд ва таҳкими бемайлони онҳо идома дорад.
Дарки он воқеият хурсандибахш аст, ки миёни ҷонибҳо манфиатдории муштарак ба идомаи минбаъдаи муколамаю ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳамаи арсаҳо бар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва суди ҷонибайни мардумони дӯсти Туркманистон ва Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Имрӯз давлатҳои мо аз рӯйи самтҳои зиёд бомуваффақият ҳамкорӣ менамоянд ва мо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи ҷавобгӯ ба манфиатҳои дарозмуҳлати кишварҳоямон аҳамияти бузург медиҳем.
Туркманистон азми онро дорад, то дар оянда низ робитаҳои аз санҷиши замон гузаштаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии миёни кишварҳоямонро рушду тавсеа диҳад. Итминон дорам, ки муносибатҳои Туркманистону Тоҷикистон минбаъд низ бар нафъи мардумони мо пайваста инкишофу тараққӣ хоҳанд кард.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш мехостам ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сидқан саломатии бардавом ва комёбиҳои нав дар фаъолияти сермасъули давлатиатон ба хотири пешрафту шукуфоии мардуми дӯсти Тоҷикистон таманно намоям».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2018    №: 22    Мутолиа карданд: 1250
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед