logo

муҳоҷират

Сатҳи тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ такмил хоҳад ёфт

Дар ҷаласаи чоруми гурӯҳи кории якҷояи Тоҷикистону Русия татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар кишварҳои ҳамдигар баррасӣ гардид. Аз ҷумла, перомуни ташкили кор ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои дуҷониба байни Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул ва бо кор таъмин кардани муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба воситаи Маркази қабули муҳоҷирони меҳнатӣ, табодули назар карда шуд. Мушкилоти гузариш аз ташхиси тиббӣ, шароити буду бош, чорабиниҳои якҷоя ҷиҳати ҷалб ва муташаккилона равон кардани муҳоҷирони меҳнатие, ки хоҳиши дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардан доранд, мавриди таваҷҷӯҳи махсус қарор дода шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа тарафҳо ҷиҳати татбиқи созишномаҳои ҳамкорӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳоҷират андешаҳои худро баён карда, бо назардошти таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ  ва маҷмӯи масоили марбута пешниҳодҳои судманд баён карданд. Мувофиқа шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Федератсияи Русия рӯйхати муассисаҳои тиббиро барои аз муоинаи клиникӣ- ташхисӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишвар бо роҳҳои дипломатӣ ба Тоҷикистон ирсол намояд ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ бо чунин усул ба Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Русия оид ба ҳолати кор доир ба ташкили марказҳои муоинаи тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон ба Русия маълумот фиристад.
Гурӯҳи корӣ аз Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 30-и шаҳри Душанбе дидан намуда, дар ҷараёни шиносоӣ аз шароити таълим дар ин муассиса изҳори қаноатмандӣ кард. Бояд гуфт, ки омӯзишгоҳи мазкур мутахассисонеро омода менамояд, ки имрӯз дар Федератсияи Русия талабот ба онҳо зиёд аст. Дар ин робита меҳмонон пешниҳод намуданд, ки соатҳои дарсӣ аз фанни забони русӣ зиёд карда шаванд, зеро донистани забон дар сатҳи дилхоҳ ба муҳоҷирони меҳнатӣ имкон медиҳад, касбияти хешро пурсамар истифода бурда, ба доми фиреби қаллобон наафтанд. Ҷониби Тоҷикистон низ пешниҳод намуд, ки аз рӯи имкон дар асоси ҳамкорӣ бо корхонаҳои бузурги истеҳсолии Федератсияи Русия, дар назди омӯзишгоҳ курсҳои соҳавие ташкил гарданд, то мутахассисон тибқи талабот омода шаванд.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки ҳамкории муштарак ва мустаҳкам кардани робитаҳо дар самти муҳоҷират яке аз равандҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия равона шудааст.   

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2574
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед