logo

туризм

МУЪМИНОБОД. АЗ РУШДИ САЙЁҲӢ ТО ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Бо дарназардошти иқтидори бузурги сайёҳии кишвар, инчунин бо мақсади ҷалби сармоя ба инфрасохтори туризм ва, дар ин замина, таъсиси ҷойҳои нави корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.

Пӯшида нест, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо бо табиати нотакрор ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ диққати сайёҳони зиёдро ба худ ҷалб месозад. Яке аз гӯшаҳои дилфиребу дилрабои кишвар ноҳияи Муъминобод мебошад, ки дар қисмати ҷанубу шарқии мамлакат, дар доманаи қаторкӯҳҳои ҳазрати Шоҳи Хомӯш, воқеъ гардидааст. Табиати зебою афсонавӣ, олами ҳайвоноту наботот, талу пуштаҳои сарзабзу хуррам, чашмаҳои оби мусаффо ва манзараҳои нотакрораш беихтиёр дили касро тасхир менамояд. Маҳз ҳамин ҳусну таровату дилрабоии табиат аз қадим диққати сайёҳони зиёд, олимон ва муҳаққиқонро ба худ ҷалб намудааст.
Муъминобод дорои таъриху фарҳанги қадима буда, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ҳанӯз аз асри X ҳамчун шаҳри Ободон маъруф буд. Боиси тазаккур аст, ки зимни сафари корӣ ба ноҳия 3 октябри соли 2016 Сардори давлат дар мулоқот бо мардуми ин диёр таъкид доштанд, ки Муъминобод воқеан сарзамини мардони сарбаланду некусиришт буда, табиати зебояш қалби ҳар як сайёҳу меҳмонро тасхир месозад.
Ноҳия дорои беш аз 100 ёдгории таърихӣ, ҷойҳои муқаддас ва мавзеъҳои тамошобоб мебошад. Яке аз ин ёдгориҳо мақбараи Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста буда, поёнтар аз маркази ноҳия Қалъаи Мир воқеъ аст, ки таърихи пайдоиши он ба асрҳои II – III милодӣ рост меояд. Дар маркази ноҳия бошад, мақбараи Хоҷаи Нур ва хона - музейи олим ва муҳаққиқи намоёни тоҷик шодравон Соҳиб Табаров ҷой гирифтаанд. Инчунин, дар гӯшаву канори гуногуни ин диёри дилфиреб оромгоҳҳои Хоҷа Алмос, Хоҷа Иброҳимҷон, Бибӣ Навро ва Бибӣ Савро, Хоҷаи Гумбазӣ, Хоҷа Хидир, Ҳазрати Муродбахш, Хоҷа Валишоҳ, Домулло Икром, Султон Санҷар, ки зиёратгоҳи мардумони бешумор мебошанд, воқеанд.
Муъминобод, ҳамчунин, бо мавзеъҳои хушманзара машҳуру маъруф аст, ки кӯҳи Чилдухтарон аз ҷумлаи онҳо мебошад. Он 20 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ буда, роҳи ноҳамвору валангор дошт. Хушбахтона, бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия он пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Ҳоло бошад, бунёди роҳи 17 - километра то деҳаи Чилдухтарон, тахту ҳамворнамоӣ ва сангфаршсозии роҳи нави 20 - километра то деҳаи Шаҳрак, сохтмони пули мошингузар бо дарозии 130 метр дар болои дарёи Сурхак,  корҳои васлгарии пули 65 - метра дар болои дарёи Сардоб идома доранд, ки, бе шубҳа, ба ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат хоҳанд кард.
Аз мавзеъҳои дигаре, ки макони сайру саёҳати мардум гаштааст, обанбори Муъминободро метавон ном бурд. Масоҳати он 300 гектарро ташкил дода, дар гирду атрофаш меҳмонхонаву қаҳвахона қомат афрохтаанд ва ҳар сол ҳазорон нафар дӯстдорони табиат аз дохилу хориҷи кишвар барои истироҳату фароғат ва қаиқронӣ ба ин ҷо меоянд.
Дар баробари ин, аз қадимулайём Муъминобод бо ҳунармандони худ шуҳрат дорад. Бино ба маълумотҳои таърихӣ, ҳанӯз дар давраҳои пеш бозаргонону савдогарон аз Чину Балху Ҳиндустон маҳз барои хариди маҳсули дасти косибони ин куҳандиёр, ки шуҳраи офоқ гашта буданд, ба ин сарзамин қадам ранҷа менамуданд.
Ҷойи шубҳа нест, ки бо рушд ёфтани инфрасохтори туризм дар Муъминобод, сол ба сол шумораи сайёҳон афзуда, ба Буҷети давлатӣ маблағҳои зиёд ворид мегардад, ки ин дар навбати худ ба боло рафтани сатҳи иҷтимоии мардум мусоидат хоҳад кард. 
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 29    Мутолиа карданд: 1006
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед