logo

энергетика

ЭНЕРГИЯИ АЛТЕРНАТИВӢ. ТОҶИКИСТОН ИМКОНИ РУШДИ ОНРО ДОРАД

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2017 зикр карданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи «иқтисодиёти сабз» сафарбар кардааст.
Бино ба гуфтаи олимони ватанӣ, дастрастарин манбаи барқароршаванда барои Тоҷикистон барқи офтобӣ мебошад. Зеро кишвари мо дар камари офтобӣ ҷойгир буда, то 300 рӯзи офтобӣ дорад.
Неруи офтобӣ тамомнашаванда ва аз ҳама бехатар аст. Аммо, феълан, сохтмони неругоҳҳои офтобӣ барои кишвари мо гарон буда, истифодаи он аз ҳарорати ҳаво вобаста аст. Алҳол олимон мушкили мавсимӣ ва номунтазам будани нурафшонии офтобро тавассути истифодаи батареяҳои озмоишӣ ҳал карданианд.
Ба андешаи олимони соҳа энергияи Офтоб, бод, Замин, биомасса манбаҳои барқароршавандаи энергия мебошанд, ки бояд омӯхта шаванд ва муайян гарданд, ки дар кадом нуқтаҳои Тоҷикистон метавон аз онҳо истифода бурд. Тибқи назария, аз нурҳои Офтоб ба ҳар як метри мураббаии ҳудуди Тоҷикистон 1кВт энергия истеҳсол кардан мумкин аст. Вале табдил додани нурҳои Офтоб ба барқ мураккаб аст. Барои ин донистани хосияти нурҳо ва тарзи табдили онҳо ба энергияи электрикӣ муҳим аст. Вақте ки нури Офтоб ба модули офтобӣ аз элементҳои хурди офтобӣ – маъдани кремний ва силитсий сохташуда мерасад, фотон ба волт мубаддал  мегардад. Кремний маъданест, ки аз ҳисоби кварс ё булӯри кӯҳӣ ҳосил мешавад. Барои модули офтобӣ на худи кремний, балки дуоксиди кремний (0,0000001 дарсад омехтаи кремний) лозим аст. Аз ин рӯ, бояд технологияи арзони ҳосил кардани чунин кремнийро пайдо намуд.
Олимон иброз медоранд, ки агар мақсад истифодаи энергияи Офтоб бошад, мо бояд неругоҳҳои офтобӣ дошта бошем. Ба гуфтаи онҳо дар Тоҷикистон имкони бунёди неругоҳи офтобии 10 кВт мавҷуд аст. Вале дар хотир бояд дошт, ки дар ҳар макон параметрҳои иқлимӣ гуногунанд. Барои мисол, параметрҳои Душанбе ба Хоруғ рост намеоянд. Бинобар ин, омӯзиши вобастагии энергияи Офтоб аз параметрҳои иқлимӣ (гармӣ, хунукӣ, намнокӣ) зарур мебошад. Баландӣ аз сатҳи баҳр низ омӯхта мешавад, зеро  дар минтақаҳои баландкӯҳ чангу хок камтар буда, қабули шуоҳои Офтоб хубтар аст.
Боиси тазаккур аст, ки коршиносони СММ гуфтаанд, ки инсоният бояд то нимаи аср партови газҳои бухоршавандаро 70 дарсад коҳиш диҳад ва то соли 2100 онро пурра аз байн барад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем оқибатҳои фоҷиабори экологиро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, олимон сарчашмаҳои муфид, барқароршаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи барқро ҷустуҷӯ доранд.
Барои мисол, Тоҷикистон аз чашмаҳои гарм, ки манбаи барқароршавандаи энергия ба ҳисоб мераванд, бой аст ва онҳо аслан бо мақсади табобат истифода мешаванд. Аз ҷумла, дар чашмаи «Ҷелондеҳ» (+670С)   ҳарорати баландтарини об ба қайд гирифта шудааст , аммо ба гуфтаи мутахассисон ин барои бунёди неругоҳ кофӣ нест. Агар тавассути парма кардан, обе, ки ҳарорати он то +2000С мерасад, бароварда шавад, метавон неругоҳи геотермалӣ сохт. Неругоҳҳои барқии геотермалӣ дар нимҷазираи Камчатка ва ҷазираҳои Курили Русия мавҷуданд.
Дар баробари ин, олимони ватанӣ дар самти ба даст овардани энергияи биомасса (рустанӣ) низ кор бурда истодаанд. Дар Тоҷикистон рустании сершохубарги топинамбур, ки дар дилхоҳ ҷой, бе обёрӣ хуб нашъунамо меёбад, зиёд вомехӯрад. Олимон чи тавр аз массаи он гирифтани неруи барқро тадқиқ доранд. Ғайр аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 Барномаи рушди инноватсионии Тоҷикистон то соли 2020-ро қабул кард.
Тибқи арзёбии олимон, дар Тоҷикистон, инчунин, аз масолеҳи сохтмонӣ имкони истеҳсоли батареяҳои офтобӣ мавҷуд аст. Вале дар ҷаҳони муосир мавҷудияти танҳо мавод нақши асосӣ надорад. Будани инфрасохтор, мутахассис, корхона, маблағгузор ва ба ҳам омадани онҳо муҳим аст.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2018    №: 38    Мутолиа карданд: 9926
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед