logo

туризм

САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ. ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР РУШДИ ТУРИЗМ

Сайёҳии дохилӣ саёҳати гуногунҷабҳаи шаҳрвандон дар ҳудуди кишвар буда, рушди соҳаи туризм аз ривоҷу равнақи ин бахш вобастагии амиқ дорад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои пешрафти он тадбирҳои муассир меандешад. Яке аз чунин иқдомҳои ҷиддӣ соли 2017 қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳии дохилӣ” маҳсуб меёбад, ки асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии фаъолиятро дар ин бахш муайян менамояд.

Тавре мудири бахши иқтисод ва банақшагирии Кумитаи рушди сайёҳӣ Муродалӣ Алиев иброз дошт, самараи ҳамин чораандешиҳост, ки соли сипаригардида теъдоди сайёҳони дохилӣ бамаротиб афзуд ва зиёда аз 600 ҳазор сайёҳ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табобатии кишвар дидан кард. Дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Норак, Ховалинг, Балҷувон, Файзобод, Рашт, Айнӣ ва мавзеъҳои Сари Хосор, Ромит ва Канаск 20 хатсайри нав ифтитоҳ ёфта, ширкатҳои сайёҳӣ бо имкониятҳои туристии ин минтақаҳо ошно гаштанд. Ғайр аз ин, дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ дар ноҳияи Ховалинг меҳмонхонаи «Хонаи шикорчиён» ба истифода дода шуда, бунёди осоишгоҳ-табобатгоҳ дар шаҳри Норак, комплексҳои сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Нораку Шаҳристон, иншооти маишӣ ва хизматрасонӣ дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара ба нақша гирифта шудаанд.
Ба андешаи коршиносон барои рушди соҳаи туризм бояд, пеш аз ҳама, сайёҳии дохилиро ривоҷу равнақ бахшид. Зеро сайёҳони хориҷӣ ба ҷойҳое, ки дар онҳо сайёҳии дохилӣ рушд кардааст, майли бештар доранд. Дар ин росто, Тоҷикистон бо мавзеъҳои зебо, обу ҳавои соф ва иқлими мусоид, объектҳои табиию солимгардонӣ ва мероси бойи таърихию фарҳангӣ барои ҷалби бештари сайёҳон имкониятҳои зиёд дорад. Дар баробари ин, саёҳати дохилӣ ба сокинони гӯшаву канори гуногуни мамлакат имкон медиҳад, ки бо расму оин, анъанаҳои қадимии этникию  фарҳангии ҳамдигар ошноӣ пайдо намоянд.
Мавриди зикр аст, ки сайёҳии дохилӣ ба намудҳои фарҳангӣ ва маънавию маърифатӣ, варзишӣ, саргузаштӣ, корӣ ё хизматӣ, намоишию тадқиқотӣ, тандурустӣ, деҳотӣ, экологӣ, динию таърихӣ ва мактабӣ ҷудо мешавад. Аммо чуноне аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, шаҳрвандони мамлакат бештар ба сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва саёҳат бо мақсади шикор таваҷҷуҳ доранд.
- Ин аз он сабаб аст, ки аҳолии кишвар дар бораи соҳаи сайёҳӣ ва намудҳои он маълумоти кофӣ надоранд,- мегӯяд мудири кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Фазлиддин Қодиров. – Зарур аст, ки тавассути ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯрии намояндагони соҳа бо аҳли ҷомеа моҳияти масъала ба шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон, фаҳмонда шавад. Ҳатто, ташкили хатсайрҳои омӯзишӣ ба мавзеъҳои сайёҳӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
- Бояд гуфт, ки барои рушди сайёҳии дохилӣ ва ташвиқу тарғиби он ширкатҳои туристӣ нақши муҳим мебозанд. Инро ба инобат гирифта як қатор ширкатҳо, аз ҷумла «Тоҷик Тур», «Ҷавоҳир», «Роҳат Тур», «Ором саёҳат» ва Муассисаи сайру саёҳати Иттифоқҳои касаба саёҳати шаҳрвандонро ба мавзеъҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Норак, Кӯлоб, Панҷакент, Хуҷанд, Варзоб, Муъминобод, Данғара, Восеъ, Шаҳритуз ва ВМКБ ташкил карда истодаанд,- мегӯяд Муродалӣ Алиев.
Мавсуф, ҳамчунин, иброз дошт, ки сайёҳии дохилӣ имрӯз яке аз бахшҳои асосии туризм дониста мешавад. Барои рушди он дар мамлакат  ташкили шӯроҳои миллӣ ва маҳаллии рушди сайёҳии дохилӣ, гӯшаҳои иттилоотӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои хизматрасонии нақлиётӣ, дуконҳои фурӯши молу маҳсулоти сайёҳӣ ва минтақаҳои моҳигирӣ зарур ва ногузир аст. 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2018    №: 40    Мутолиа карданд: 858
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед